Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод низ гуфтугӯйи пурмӯҳтаво оид ба доираи васеи масоили ҳамкории ду кишвари дӯсту ҳамзабон сурат гирифт.
Таваҷҷӯҳи зиёд ба масоили сохтмони нерӯгоҳи обии Сангтӯда-2, нақби Чормағзак, роҳҳои оҳану мошингарди байни Тоҷикистон ва Афғонистону Эрон, хатҳои минтақавии интиқоли нерӯйи барқ ва ҳамкориҳои фарҳангӣ зоҳир гардид. Дар мулоқот ҳамчунин ба ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ мароқ зоҳир карда шуд.