Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сӯҳбати телефонӣ бо як қатор раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

06.04.2012 18:00

Имрӯз ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раисони шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Ғончӣ, Зафаробод, Истаравшан, Шаҳристон ва Панҷакент телефонӣ ҳисобот доданд.

Таваҷҷӯҳи асосӣ ба тезонидани киштукори баҳорӣ, васеъ намудани майдони боғу токзор ва омодагӣ ба пешгирӣ аз офатҳои табиӣ зоҳир гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳои мазкур доир ба расонидани кӯмак ба деҳқонону боғпарварон, аз ҷумла, таъмини онҳо бо техникаи кишоварзӣ, тухмиҳои хушсифат ва нӯриҳои минералӣ супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуд, ки барои пурсамар истифода бурдани ҳар ваҷаб замини корам тадбирҳои саривақтӣ андешанд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки кори ситодҳои доимамалкунандаи ҳолатҳои фавқулодда таҳти назорати ҳамешагӣ қарор дошта бошанд, то ки дар ҳолатҳои зарурӣ ба бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ фавран сафарбар шаванд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520