Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи мактаб барои 1700 хонанда дар маркази ноҳияи Ҳисор

05.09.2013 09:58, шаҳри Ҳисор

Имрӯз дар маркази ноҳияи Ҳисор бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як мактаби зебою муосири таҳсилоти ҳамагонӣ, ки барои 1700 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбияи мактаб, аз ҷумла зикр гардид, ки ин муассисаи замонавӣ бо харҷи 11 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ сохта ва таҷҳизонида шудааст. Мактаб аз 42 синфхонаи муҷаҳҳаз, аз ҷумла 10 синфхонаи фаннӣ, ки барои дарсҳои кор бо компютер, физика, кимиё, биология, забонҳои хориҷӣ, ҳунаромӯзии духтарону писарон ва ғайра пешбинӣ шудаанд, иборат мебошад. Дар 2 синфхонаи компютерӣ 36 компютер насб гардидааст, ки ба омӯзиши асосҳои кор бо технологияҳои муосири иттилоотӣ замина муҳайё месозанд. Синфҳои забонҳои хориҷӣ бо дастгоҳҳои лингафонӣ муҷаҳҳаз гардидаанд, ки ба талаботи забономӯзии касбӣ низ ҷавобгӯй мебошад.

Толори маҷлисии мактаб, ки дорои 225 ҷойи нишаст мебошад, ҳамчунин дорои имконоти баргузории маҳфилҳои гуногуни фарҳангӣ аст.

Ошхонаи мактаб бо 200 ҷойи нишаст дорои шароити хуби омодасозӣ ва пешниҳоди хӯрокҳои гунонун барои хонандагону омӯзгорон аст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо шароити таълиму тарбияи мактаб бевосита шинос шуда, барои боз ҳам беҳтар намудани заминаи моддию техникӣ ва ободонии атрофи он дастуру ҳидоятҳо дод.

Бо изҳори норозигӣ аз тарҳ ва сифати сохтмону таҷҳизи толори варзишии мактаб дастур дода шуд, ки бо тарҳи наву зебо як толори дигар барои намудҳои гуногуни варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ сохта шавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни ҳавлии мактаб суханронӣ намуда, ифтитоҳи мактабҳои нави сершуморро, ки имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни кишвар ба назар мерасад, идомаи босамари сиёсати бунёдкорию созандагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғамхории доимӣ ба соҳаи маориф маънӣ дод.

Аз устодону омӯзгорон ва падару модарон даъват карда шуд, ки бо истифода аз шароити хуби таълиму тарбия дар мактабҳои наву муосир таълиму тарбияи фарзандонро дар сатҳи баланд ба роҳ монанд, то ки аз онҳо насли солиму ояндасози кишвар бар камол расад.

Дастуру ҳидоятҳо, ҳамчунин доир ба омодагии ҷиддӣ ба солгарди сеҳазораи Ҳисор, ки соли 2015 таҷлил мегардад, аз ҷумла доир ба бунёди даҳҳо иншооти иҷтимоию истеҳсолӣ ва фарҳангӣ дода шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520