Бегоҳии рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бишкек бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвар баррасӣ шуд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки аз ҷиҳати ҳаҷми гардиши молу маҳсулот бо Тоҷикистон Қазоқистон дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ пас аз Русия дар ҷойи дуюм қарор дорад.
Бо изҳори қаноатмандӣ аз заминаи қавии қарордодию ҳуқуқии миёни ду кишвар, ҳамзамон таъкид гардид, ки имконоти истифоданашуда барои густариши бештари робитаҳо ҳанӯз зиёданд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки имконоти Хазинаи сармоягузории мустақими Тоҷикистону Қазоқистон бояд ҳарчи зудтар фаъол карда шавад. Фаъолияти бештари комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ низ матлуб дониста шуд.
Бо таваҷҷуҳи зиёд ба масоили омодагӣ ба сафари расмии Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба Тоҷикистон ва баргузор намудани нахустин ҷаласаи Шӯрои олии ҳамоҳангсозии байнидавлатӣ дар шаҳри Душанбе изҳори боварӣ карда шуд, ки он ба густариши робитаҳои судбахши ду кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба соддагардонии фазои ҳуқуқии будубоши шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави ҳамдигар, густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, маориф, илму фарҳанг ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.