Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гузориши телефонии раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон

04.04.2012 14:00

Имрӯз ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раисони шаҳру ноҳияҳои Фархор, Данғара, Ёвон, Бохтар, Вахш, Хуросон, Ҷалолиддини Румӣ, Қумсангир,Ҷиликул, Панҷ, Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав, Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Сарбанд доир ба рафти киштукори баҳорӣ, бунёди боғҳо, ҷамъбасти семоҳаи аввали соли равон ва корҳои ободонию созандагӣ телефонӣ гузориш доданд.

Зимни суҳбати телефонӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо доир ба тезондани суръати киштукори баҳорӣ, аз ҷумла кишти пахта ва сабзавот, бунёди боғу токзори нав ва барқарорсозии боғоти кӯҳна, таъмини кори бемонеаи пойгоҳҳои барқии обкашӣ ва шабакаҳои обрасонӣ, хуб ба роҳ мондани маъракаи наслгирӣ аз чорво ва вусъати корҳои ободонию созандагӣ супоришҳои мушаххас дод.

Дастуру ҳидоятҳо, ҳамчунин доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи аввали соли равон, иҷрои нақшаи даромад ба буҷетҳои маҳалливу ҷумҳуриявӣ, муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ ва омодагии ҷиддӣ ба зимистони оянда дода шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520