Дар ҷамоати шаҳраки Нов бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон филиали нави созмони хурди қарздиҳии Имон Интернешнл ифтитоҳ ёфт.
Тавре зикр гардид, ин бино аз ҷониби соҳибкорзани маҳаллӣ Дилфуза Ҳусайнова бо тарҳи зебои замонавӣ бунёд ёфта, ба созмони хурди қарздиҳии Имон Интернешнл ба иҷора дода шудаааст. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба сифати сохтмон ва ороишу таҷҳизи бино баҳои баланд дод.
Зимни шиносоӣ бо кори созмони хурди қарздиҳии Имон Интернешнл, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки ин муассисаи ғайридавлатӣ аз ҷониби Ассотсиатсияи занони соҳибкори ҷумҳурӣ таъсис ёфта, ҳоло дар тамоми қаламрави кишвар 108 намояндагии он боз гардидааст. Дар онҳо 1400 нафар соҳиби кори доимӣ шудаанд. Маоши кормандони ин муассисаи хурди қарздиҳӣ аз 800 то 4 ҳазор сомониро ташки медиҳад.
Сандуқи умумии қарзии созмони хурди қарздиҳии Имон Интернешнл дорои 424 миллион сомонӣ маблағ буда, беш аз 69 ҳазор қарзгиранда дорад. Тавре иттилоъ доданд, беш аз 40% мизоҷони ин муассиса занону духтарони соҳибкор мебошанд.
Дар намояндагиҳои ин муассиса дар ноҳияи Спитамен беш аз 100 нафар бо кор таъмин гардидааст. Танҳо дар намояндагии нави имрӯз ифтитоҳёфта қариб 50 нафар бо кори доимӣ таъмин шуда, сандуқи қарзии он дорои 30 миллион сомонӣ маблағ аст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва кормандони ин муассисаи хурди қарздиҳӣ доир ба боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонӣ ба мизоҷон ва ҳавасманд кардани мардум ба нигоҳ доштани пасандозҳояшон дар бонкҳои саҳҳомӣ ва созмонҳои хурди қарздиҳӣ маслиҳату ҳидоятҳои муфид дод.