Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ба истифода супоридани як қатор иншоот бо сафари корӣ ба ноҳияи Рашт ташриф овард.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ҷамоати шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт бинои нави Хобгоҳи мактаб-интернати ҷумҳурияви кудакони ятимро бо буридани лентаи рамзи расман ба истифода супурд.
Бинои хобгоҳ барои 200 нафар пешбини шуда он бо харҷи зиёда аз як миллион сомонӣ аз ҷониби ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” бунёд карда шудааст. Сарвари давлат зимни шиносои ба шароити хобгоҳи мактаб -интернат баҳои баланд дода барои боз ҳам фароҳам сохтани шароити арзанда ба масъулин дастуру ҳидоят дод.
Иттило дода шуд, ки дар мактаб-интернати мазкур зиёда аз 250 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, аз ин шумора 145 нафар падар ё модар надоранд ва 6 нафар ятими кул мебошад.
Президенти мамлатакат ба сарпарасти ин мактаб – интернат дастуру ҳидоят дод, ки то моҳи ноябри соли равон ҳамаи тарбиятгирандагони ин муассисаи таълимро бо либосҳои гарми зимистона таъмин намоянд. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки ба 6 нафар ятими кул дар бонк суратҳисоб кушоянд.
Сарвари давлат муррабиёну омӯзгоронро ҳидоят намуд, ки бо тарбиятгирандагон мисли фарзанди хеш муносибат намуда, дар таълиму тарбияи онҳо диққати махсус зоҳир намоянд.
Президенти мамлакат ба масъулин дастур дод, ки роҳи маҳалии шаҳраки Навободро мумфарш намоянд.