Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ аз намоишгоҳи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии ҳосил дар хоҷагии деҳқонии Қалъаи ноҳияи Тоҷикобод

26.09.2013 10:27, ноҳияи Тоҷикобод

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии деҳқонии Қалъа ташриф оварда, аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ шинос гардид. Тавре маълум шуд хоҷагидорон аз кишти зироатҳои кишоварзӣ ҳосили зиёд рӯёнида барои таъмини зиндагии хеш ва фаровонии бозори истеъмолӣ саҳми назаррас мегузоранд.

Аз кишти картошка дар хоҷагии деҳқонии қалъа деҳқонон аз 1 гектар 400 сентнерӣ ҳосил гирифтаанд. Қаблан деҳқонони ноҳияҳои водии Рашт аз кишт кардани сабзию пиёз худдорӣ мекарданд, гӯё, ки иқлими ин водӣ барои парвариши ин намуди зироати кишоварзӣ номусоид бошад. Таҷрибаи деҳқонони асил дар ин самт нишон дод, ки аз кишти сабзию пиёз нисбат ба дигар ноҳияҳо дар ин минтақа чандин маротиба ҳосили зиёд гирифтан мункин аст. Бахусус дар ноҳияи Тоҷикобод кишоварзон аз тухмии хушсифат истифода карда, ҳосили фаровони сабзиву пиёз гирифтаанд. Вазни холиси 2 донаи сабзӣ ба 1 килограмро ташкил медиҳад. Ҳосили ғаладонагиҳо имсол дар ноҳияи Тоҷикобод хеле зиёд буд. Танҳо аз кишти ғалла дар заминҳои обӣ деҳқонон зиёда аз 40 сентнерӣ ҳосил гирифтанд.

Президенти мамлакат ба масъулин ва хоҷагидорон дастуру ҳидоят дод, ки ҳар чи бештар аз имкониятҳои мавҷуда истифода карда, майдони кишти картошка ва дигар зироатҳои кишоварзиро тадриҷан васеъ намоянд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии Қалъа бо рафти ҷамъоварии ҳосили картошка шинос шуд. Чуноне маълум гардид, соли ҷорӣ кишоварзони ноҳия дар майдони 1081 гектар кишти картошка гузаронидаанд. Тавре хоҷагидорон иброз доштанд, бо дарназардошти дастуру хидоятхои Сарвари давлат имсол майдони кишти ин намуди зироат дар ноҳия 50 гектар зиёд карда шуда, ҳамзамон парвариши навҳои хушсифату серҳосили он ба роҳ монда шудааст.

Алҳол барои ҷамъоварии хосили картошка техникаи зарурӣ ҷалб шудааст, ки аксари онҳо зимни сафари қаблии роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба деҳконону хоҷагидорони ноҳияи Тоҷикобод тӯҳфа ва қисми дигар тариқи лизинг дастрас шудаанд. Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба дуруст истифода намудани қиматтарин сарвати табиӣ – обу замин ва руёнидани ҳосили дилхоҳ ба хоҷагидорон дастуру ҳидоятҳо дода, бори дигар аз сокинони ноҳия даъват ба амал овард, ки дар баробари шаҳрвандони дигар манотиқи кишвар барои амалишавии яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ саҳмгузор бошанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520