Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи варзишгоҳи марказӣ дар ноҳияи Тоҷикобод

26.09.2013 10:30, ноҳияи Тоҷикобод

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳия Тоҷикобод, ки соли 2010 сурат гирифт, ба масъулин оид ба сохтмони як варзишгоҳи замонавӣ дастур дода буд. Дар як мудати кӯтоҳ сохтмони маҷмаъаи варзишӣ ба анҷом расонида шуда, имрӯз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифт. Варзишгоҳи марказии ноҳияи Тоҷикобод, ки дар минтақаи Рашт аз калонтар иншооти варзишӣ ба ҳисоб меравад, дар сохтмони он 9 миллиону 200 ҳазор сомонӣ сарф гардидааст. Варзишгоҳ дорои беш аз 6 ҳазор ҷойи нишаст буда, дар он шароити зарурӣ ҷиҳати баргузориии мусобиқаҳои сатҳи минтақавию ҷумҳуриявӣ муҳайё мебошад.

Дар варзишгоҳи навбунёд маросими хатнасури 120 нафар кӯдак аз оилаҳои ниёзманди ноҳия баргузор карда шуд. Қайд намудан ба мавридаст, ки базми хатнасури кӯдакон бо дастгрии соҳибкорони маҳаллӣ ва бо пуштибонӣ аз сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шудааст. Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи кӯдакон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда, онҳоро бо ин рӯзи фараҳбахш табрику таҳният намуд.

Дар варзишгоҳи тозабунёд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, ҳамчунин бо сокинони ноҳияи Тоҷикобод суҳбати озоду ошкоро анҷом дод. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ нишондодҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳияро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, барои таъмини рушди соҳаҳои хоҷагии халқ, вусъат додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳтар сохтани шароити таълиму тарбия дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520