Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо маъракаи ҷамъоварии ҳосили картошка ва фаъолияти боғдорон дар ноҳияи Нуробод

26.09.2013 18:24, ноҳияи Нуробод

Дар доираи сафари кори ба водии Рашт нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Нуробод ташриф овард.

Дар ин ҷо Сарвари давлатро роҳбарият ва фаъолони ноҳия бо самимияти зиёд истиқбол гирифтанд.

Боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон дар ноҳияи Нуробод аз шиносоӣ бо фаъолияти назараси хоҷагиҳои намунавии инфиродӣ, маъракаи ҷамъоварии ҳосили картошка дар мавзеи Сари қоши Чамоати деҳоти Хумдон оғоз гардид.

Тавре иттилоъ дода шуд, майдони кишти ин навъи зироат дар ноҳия сол то сол афзоиш ёфта, деҳқонон имсол заминҳои кишти картошкаро ба беш аз 800 гектар расонидаанд, ки ин дар роҳи тадбиқи Барномаи давлатии таъмини амнияти озуқавории мамлакат нақши назаррас хоҳад дошт. Сарвари давлат зимни боздид аз картошказори хоҷагии деҳқонии «Одина», ки бо дастҷамъии як хонавода пеш бурда мешавад, бо деҳқонон ва хоҷагидорону масъулини соҳаи кишоварзӣ сӯҳбати самимӣ намуда, онҳоро ба меҳнати софдилона ва истифодаи мақсадноки ҳар порча замин ҳидоят намуд. Айни ҳол аз самараи меҳнати заҳматкашони хоҷагии мазкур иқтисодиёти 5 оила таъмин гардида, маҳсулоти тару тозза ҳамзамон дар бозорҳо ниёзи сокинону шаҳрвандонро ба маҳсулоти хушсифат қонеъ мегардонад.

Тавре иттилоъ дода шуд, ин майдон қаблан ҳамчун заминҳои лалми истифода гардида, дар он танҳо ғаладона ва хуроки чорво кишт карда мешуд. Бо мақсади таъмини ҳосилхезии заминҳои ин мавзеъ бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масофаи 18 километр ҷуйбор аз нав баркарор карда шуд.

Дар ин замина обёрии қисми зиёди заминҳои деҳаи Хумдон тариқи пойгоҳҳои обкаши аз канали 50 солагии Тоҷикистон амалӣ гардида, дар самти истифодаи оқилона ва самараноки заминҳои корам барои деҳқонон имконоти фаррохро муҳайё намудааст.

Ин аст, ки айни ҳол дар заминаи фаъолияти хоҷагиҳои инфиродию деҳқонӣ танҳо дар мавзеи Сари қоши деҳоти Хумдони ноҳияи Нуробод дар майдони 160 гектар кишти картошка ба роҳ монда шуда, аллакай ҳосили фаровони он зина ба зина ҷамъоварӣ мегардад.

Тибқи нишондоди пешакӣ, ҳосилнокии заминҳои киштшуда, то ба 300 сентнерӣ маънидод мегардад. Зимни суҳбат бо хоҷагидорон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки бо истифода аз имконоти мавҷудаи табиӣ ҳар чи бештар майдони кишти картошка ва боғро васеъ намуда, бозорҳои маҳаллию ҷумҳуриро бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ таъмин созанд.

Дар ҷамоати деҳоти «Хумдон»-и ноҳия Нуробод Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба хоҷагии боғпарварии «Деҳқон» ташриф оварда, бо маҳсули меҳнати назарраси заҳматкашони ин ҳоҷагӣ низ шиносоӣ пайдо кард.

Дар боғи мазкур, ки яке аз хоҷагиҳои намунавии ноҳия дониста мешавад, дарахтони мевадиҳандаи навъи ноку себ, олу шафтолу, зардолу ва дигар ниҳолҳои меваҳои шаҳдрез парвариш карда мешавад.

Тавре аён гардид, боғ дар майдони наздики 2 гектар аз ҷониби деҳқони асил Нусратулло Сангов бунёд гардида, ҳамасола аз ҳисоби самараи он даромади зиёд мегирад.

Сарвари давлат зимни шиносоӣ бо фаъолияти боғпарварон, аз фаровонии ҳосили дарахтон изҳори қаноатмандӣ намуд. Дар ин замина дар самти боз ҳам боло бурдани натиҷаи корӣ ба заҳматкашон доир ба истифода ва парвариши ниҳолҳои серҳосил ҳидоятҳои судбахш дод.

Қисмати аввали боғ дар хоҷагии «Деҳқон» ҳанӯз соли 2003 бунёд гардидааст. Айни ҳол дар заминаи боғи мазкур, аз ҷониби заҳматкашон, дигар намуди фаъолияти кишоварзӣ низ пеш бурда мешавад.

Бо назардошти даромаднокӣ ва рӯйпӯшнамудани хароҷот, хоҷагидорон парвариши замбури асалро ба роҳ монда, дар бахши занбурпарварӣ низ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд. Бино ба иттилои дехқонон рушди замбурпарварӣ дар ҳудуди майдони боғот барои хосилнокии дарахтони мевадиҳанда ба манфият хоҳад буд. Аз ин ҷост, ки хоҷагидорон ҳамасола аз боғи мазкур беш аз 15 тонна мева ва аз 50 оилаи замбур зиёда аз 1 тонна асали хушсифат ҷамъоварӣ намуда, ба бозори минтақа ва берун аз он содирот мекунанд.

Дар ин хоҷагӣ Роҳбари давлат доир ба рушд ва васеъ бароҳмондани занбури асалпарварӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас дод.
Хоҷагидорон аз ҳосил ва самараи меҳнати хеш ҳавасманд гардида, бо шинонидани нихолҳои гуногуни мевадиҳанда масоҳати боғро сол то сол зиёд менамоянд.

Қисмати дуюми боғи мазкур навбунёд буда, ниҳолҳои он соли аввал аст, ки ба ҳосил даромадааст. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баҳри фаъолияти натиҷабахш ва парвариши сифатноки дарахтони мевадиҳанда ба деҳқонон тавсияҳои муфид дод.

Ҳамзамон бо назардошти боз ҳам бештар намудани истеҳсоли мева дар ноҳия таъкид намуд, ки майдони боғҳои куҳна низ аз нав барқарор гардида, фаровонии бозорҳои кишвар бо меваи тару тозаи ин минтақа таъмин карда шаванд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520