Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №45 –и ноҳияи Нуробод

26.09.2013 18:39, ноҳияи Нуробод

Дар доираи сафари корӣ ба минтақаи Рашт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Хумдони ноҳияи Нуробод бо буридани лентаи рамзӣ, ба фаъолияти муассисаи нави таълимӣ, ки бо риояи тарҳу усулҳои муосири меъморӣ бунёд гардидааст расман оғоз бахшид.

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 45 –и ноҳияи Нуробод, дар заминаи мактаби куҳна, ки он чун мактаби асосӣ, ки толибилмон дар он то синфи 9-ум ба таълим фаро гирифта мешуд, бунёд ёфтааст.

Бинои мактаб аз ду ошёна иборат буда, дорои 11 синфхонаи барҳавои фаннӣ, компютерӣ ва толори варзишию дигар утоқҳои корӣ мебошад. Сарвари давлат бо шароити таълимӣ ва сифати корҳои сохтмонии дабистон, ки он аз ҷониби ҶДММ-и «Сур-Саф» сохта шудааст, шинос гардида, ба сифати корҳои сохтмони баҳои баланд дод. Тавре аён гардид, Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 45-и ноҳияи Нуробод бо фармоиши Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаҳои зери обшавандаи Роғун» барои 330 хонанда дар як баст бо маблағи 7 миллиону 600 ҳазор бунёд гардидааст.

Ба истифода додани Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 45 мушкилоти ҷандинсолаи кӯдакону наврасони ҷамоати деҳоти Хумдонро бартараф намуд. То ба бунёди чунин муассисаи наву замонавии илмомӯзӣ фарзандони ин деҳа барои таълим масофаи 4-5 километрро тай менамуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хонандагонро ба таҳсили хубу намунавӣ ва омӯзиши технологияи муосиру забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуда, ба масъулин дастур дод, ки ба сифати таълиму тарбия диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Дар саҳни мактаби навбунёд Президенти мамлакат бо хонандагону омӯзгорон мулоқот намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим аз ин шароити фароҳамгардида, истифода намоянд. Ҳамчунин зикр карда шуд, ки талаботи муқарароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро риоя карда, барои дар амал татбиқ намудани он мусоидат намоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520