Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар оғози сохтмонии Колеҷи муҳандисӣ – техникии ноҳияи Нуробод

27.09.2013 12:16, ноҳияи Нуробод

Дар доираи сафари корӣ ба водии Рашт субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази маъмурии ноҳияи Нуробод, шаҳраки Дарбанд нахуст бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба корҳои сохтмонии Колеҷи муҳандисӣ – техникӣ оғози расмӣ бахшид.

Ин муассисаи таълимӣ дар асоси фармоиши Раёсати сохтмони асосии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, масоҳати он 3,7 гектар мебошад.

Зимни шиносои бо лоиҳаи Колеҷи муҳандисӣ – техникӣ Президенти мамлакат ба масъулин супориш дод, ки шумораи ҷойҳои нишастро дар биноҳои таълимӣ, ҷойҳои нишастро ба 640 нафар расонанд ва бунёди хобгоҳро барои 500 нафар ба роҳ монанд. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки тибқи талаботи бозори меҳнат дар коллеҷи мазкур мутахассисонеро омода кардан лозим аст, ки дар соҳаҳои гуногун фаъолияти босамар дошта бошанд.

Дар заминаи ин муассисаи касбомӯзӣ иморатҳои иловагӣ, аз ҷумла ошхонаву маҷлисгоҳ, толори варзишӣ ва таълимӣ сохта шуда, дар он бунёди бунгоҳи тиббӣ, бинои маъмурӣ, китобхона бо утоқҳои корӣ ва хазинаи китоб, синфхонаҳои таълимӣ забонҳои хориҷӣ ва 3 синфхона ва озмоишгоҳҳои илмию техникӣ низ бунёд мегардад.

Бинои ҷамъиятӣ аз 2 ошёна, ошхона барои 400 ҷой, дар ошёнаи 2 толори маҷлисӣ, ҳуҷраҳои алоҳидаи санитарӣ, ҳаммом, утоқҳои либоспӯшии мардона ва занона, толори фитнес бо 3 даромадгоҳи алоҳида бунёд карда мешавад.

Сарвари давлат бунёди Колеҷи муҳандисӣ техникиро идомаи вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод маънидод карда, таъкид намуд, ки дар кутоҳтарин муҳлат Нуробод ба як шаҳри замонавӣ табдил хоҳад ёфт.

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520