Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои нави Раёсати молияи ноҳияи Нуробод

27.09.2013 12:18, ноҳияи Нуробод

Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои Раёсати молияи ноҳияи Нуробод мавриди истифода қарор гирифт.

Кормандони Раёсати молияи ноҳияи Нуробод минбаъд дар бинои хуштарҳу замонавӣ, ки аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуривӣ бунёд ёфтааст, фаъолият хоҳанд кард.

Корхои сохтмонии бинои Раёсати молия дар қабати рости бинои асосии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод аз соли 2009-ум оғоз гардида, дорои 11 утоқи замонавии кории муҷаҳаз бо техникаву дигар лавозимоти зарурӣ мебошад.

Дар саҳни бинои Раёсати молия, аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба 50 нафар кӯдакони яктим ва аз оилаҳои ниёзманд кӯмак расонида шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ бо кӯдакону наврасон суҳбати самимӣ намуда, онҳоро ба хониши хубу аъло ва аз худ кардани донишҳои замонавӣ ҳидоят кард.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520