Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ифтитоҳи Маркази савдо ва хизматрасонӣ дар ноҳияи Нуробод

27.09.2013 12:20, ноҳияи Нуробод

Дар ноҳияи Нуробод Сардори давлат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуд. Кишоварзону ҳунармандон намунаи маҳсули меҳнати худро ба намоиш гузоштанд.

Президенти кишвар бо хоҷагидорон суҳбат намуда, онҳоро барои фаъолияти бо самар ва истифодаи самараноки замину гирифтани ҳосили зиёди маҳсулоти кишоварзӣ ҳидоят намуд.

Зикр карда шуд, ки таъминоти амнияти озуқаворӣ дар минтақа ва кишвар бе восита аз фаъолияти босамари деҳқонон вобастагӣ дорад. Кишоварзони ноҳияи Нуробод имсол аз кишти ғалладонагиҳо, боғҳои мавҷуда ва дигар зироатҳои кишоварзӣ ҳосили дилхоҳ ба даст оварда, барои таъмини фаровонии бозорҳо бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ саҳми назаррас хоҳанд дошт.

Дар ноҳияи Нуробод бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Маркази савдои Сиёвуш, ки аз ҷониби Соҳибкори шаҳраки дарбанди ноҳияи Нуробод Сайфиддин Убайдов бунёд шудааст ба истифода супорида шуд.

Бинои мазкур аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум мағозаи хӯрокворӣ, ашёи рӯзгор ва як дорухона бунёд ёфтааст. Дар ошёнаи дувум бошад, толори барҳавои дӯзандагӣ, ки ифтитоҳ ёфт, ки дар он беш аз 20 нафар занону духтарон ба кори доимӣ ҷалб карда шудаанд.

Баробари ба фаъолият шурӯъ кардани ин маркази савдо 25 нафар сокини ноҳияи Нуробод бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштаанд. Занону духтарон баъд аз худ намудани касби дӯзандагӣ дар навбати аввал ба духтани либосҳои мактабӣ машғул хоҳанд шуд.

Сарварии ин коргоҳи дӯзандагиро як нафар сокини ноҳияи Нуробод Сафармоҳ Мардонова ба уҳда гирифтааст, ки худ дар духтани либосҳои гуногун таҷрибаи ғанӣ дорад. Дар самти омода кардани дӯзандагони касбӣ аз ҳисоби занону духтарон дар ин коргоҳ имконият аст, ки боз 10 нафари дигар ба омӯзиш фаро гирифта шаванд ва ҳамин тариқ боз ҷойҳои кори иловагӣ муҳаё хоҳад шуд.

Зимни боздид аз ин марказ Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин ташаббуси соҳибкорзан баҳои баланд дода, амали кардани чунин тадбирро барои ба кори доимӣ ҷалб намудани занону духтарони ноҳияҳои мамлакат муҳим арзёбӣ кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520