Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода

22.07.2011 17:00, шаҳри Турсунзода

Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додани як қатор иншооти нав ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ба шаҳри Турсунзода сафар кард.

Сафари кории Сарвари давлат аз ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода оғоз ёфт.

Дар деҳаи Галаботури ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мактаби нави таҳсилоти миёнаи умумии №73 ифтитоҳ ёфт.

Ин мактаби боҳашамат, ки бо харҷи 4 миллиону 200 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ бунёд ёфта, аз се бинои дуошёна иборат мебошад, барои 1250 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Мактаби мазкур, ки аз ҷониби ширкати сохтмонии «Манораи баланд» бо сифати нағз бунёду муҷаҳҳаз гардидааст, бо 18 синфхонаи таълимӣ, 2-утоқи лабораторӣ, 2-синфи компютерӣ, синфи дўзандагӣ ва китобхонаи барҳаво дорои шароити муосири таълиму тарбияи насли наврас мебошад. Мактаб, ҳамчунин дорои ошхонаи ҷавобгўйи талаботи муосир, толори зебову муҷаҳҳази маҷлисӣ, толори васеи варзишӣ бо шароти машқу тамрин аз рўйи якчанд намуди варзиш ва майдони варзишӣ мебошад. Дар толори варзишӣ дастаи варзишгарони тейквандо машғули тамрин буданд, ки мураббии онҳо чемпиони ҷаҳон ва се карат чемпиони Осиё варзишгардухтари тоҷик Ганҷина ҳабибуллоева мебошад.

Зимни суханронӣ дар назди мардуми деҳа Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро бо арафаи солгарди 20 истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва ифтитоҳи ин мактаби беҳамто дар шаҳри Турсунзода табрику таҳният гуфт ва зикр намуд, ки бо назардошти афзоиши босуръати шумораи аҳолӣ ҳар сол дар кишвар ба ҳисоби миёна беш аз 100 мактаби нав сохта, ба истифода дода мешавад. Таъкид гардид, ки сифати таълиму тарбия низ бояд мутобиқи шароити олии дар ин ҷо муҳайёгашта баланд бошад. «Барои муваффақ шудан ба таълиму тарбияи дилхоҳи насли наврас бояд ҳам омўзгорон ва ҳам аҳли хонавода ҷаҳду талош намоянд».

Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки деҳаи нави дар ин мавзеъ бунёдёфта ба истиқболи солгарди 20 истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Истиқлол номгузорӣ шавад. Пешниҳод бо хушҳолӣ пазируфта шуд.

Дар ҷамоати деҳоти Навобод Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо кори хоҷагии деҳқонии Абду-2001, ки роҳбараш Имом-хатиби ҷамоат Абўмутал Ҳақназаров мебошад, аз наздик шинос шуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, аҳли заҳмати хоҷагӣ аз 5 га замини обии худ 40 сентнерӣ ҳосили гандум ҷамъоварӣ карда, дар ҷойи он такроран шолӣ кишт намудаанд. Аз шолӣ то 50 сентнерӣ ҳосил ба даст оварданианд.

Ба гуфти роҳбари хоҷагӣ домулло Абўмутал ҳақназаров, тибқи фармудаҳои офардигори олам ҳар касе, ки қуввату дармон дорад, бояд бо заҳмати дасту бозуи худ ризқу рўзӣ ҳосил намояд.

Дар корхонаи «Сомон - туронинвест», ки дар деҳаи Коммунаи ҷамоати деҳоти 1- майи шаҳри Турсунзода қарор дорад, бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сехҳои нави истеҳсоли макарон, орд, ширинию қаннодӣ ва қуттиҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар ин корхона 150 нафар аз аҳолии маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб шудаанд.

Сехи ордбарорӣ бо таҷзиҳоти технологии сохти Туркия муҷаҳҳаз шуда, дар як шабонарўз метавонад 100 тонна гандумро коркард намояд. Орди ин сех ҳам дар истеҳсоли 12 намуд макарон ва ширинию қаннодии ҳамин корхона истифода мешавад ва ҳам ба бозор пешниҳод карда мешавад.

Роҳбарияти корхона бо ҳидояти Сарвари давлат ўҳдадор шуд, ки нархи халтаи 50 килограмаи ордро аз 125 то 110 сомонӣ арзон намоянд.

Сехи макаронбарорӣ, ки бо таҷҳизоти технологии сохти Украина муҷаҳҳаз шудааст, дар як шабонарўз ба 12-13 тонна маҳсулот истеҳсол мекунад.

Дар ин корхона бо таҷҳизоти муосир, ҳамчунин қуттиҳои картонӣ барои бастабандии маҳсулоти худи корхона ва ҳам меваю сабазавот истеҳсол мешавад.

Дар хоҷагии деҳқонии «Тўйчибобо» - и деҳаи Ҷавратии ҷамоати деҳоти 1 май Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти ибратбахши токпарварии он аз наздик шинос шуд.

Тавре зикр гардид, хоҷагии деҳқонии «Тўйчӣбобо» соли 1997 аз ҷониби сокини ҷамоати деҳоти 1-майи шаҳри Турсунзода Яҳё Тўйчиев ташкил гардидааст. Яҳё Тўйчиев фарзанди Турсун Тўйчиев, яке аз деҳқонони асили минтақа, собиқ роҳбари хоҷагии калонтарини шаҳри Турсунзода - хоҷагии Аскаралӣ Мирзоев мебошад, ки дар замони фаъолияташ соҳиби якчанд унвонҳои давлатӣ гардида будааст.

Дар ангўрбоғи ҷавони ин хоҷагӣ, ки дар майдони 9 га. доман паҳн кардааст, 7 навъи гуногуни ин меваи биҳиштӣ, аз ҷумла «чиллагӣ», «ҳусайнӣ», «шоҳона», «ангушти хонум», «ғалаба» ва ғайра парвариш меёбад. Ин боғ, ки дар як гўшаи майдони 500 гектраи бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба деҳқони асил ҳоҷӣ Камол ҷудо гардида буд, доман паҳн намуда, дар зарфи 4 сол ба як мавзеи биҳиштӣ табдил ёфтааст. Тавре зикр гардид, ин шуғли басо фоидаовар дар соҳаи кишоварзӣ аст, зеро дар сурати парвариши дурусти токзор аз он ҳосили фаровони ин меваи гаронарзиши биҳиштиро рўёндан мумкин аст.

Иттилоъ дода шуд, ки чунин таҷрибаи нодири бо усули чойлобҳои махсус парвариш кардани ангўр бо раҳнамоии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳоло аз шаҳри Турсунзода ба дигар минтақаҳои кишвар паҳн мешавад.

Дар маҳаллаи 4 шаҳри Турсунзода Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои Маркази саломатӣ ва ташхисии шаҳри Турсунзодаро ифтитоҳ намуда, ба бунёдгозори он шахси инфиродӣ, номзад ва доктори илмҳои тиб Раҳимҷон Раҳматуллоев барои ин иқдоми накўяш арзи сипос намуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, ин бинои сеошёна аз ҷониби ин табиби асил ва дўстдори ин касби пуршараф Раҳимҷон Раҳматуллоев бо ҷалби сармояи ватанӣ бунёд ёфта, дорои 5 шўъбаи табобатӣ, аз ҷумла ҷарроҳӣ ва 25 кати бистарикунонӣ мебошад. Дар ин ҷо, ҳамчунин шакли муосири ҷарроҳӣ, яъне бе буридани бадан гузаронда мешавад.

Боиси қаноатмандӣ аст, ки дар ин бино зиёда аз 40 нафар мутахассисони соҳа соҳиби ҷойи кор гардидаанд. Бо таклифи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон маркази мазкур Вароруд номгузорӣ карда шуд.

Дар маркази маъмурии шаҳри Турсунзода бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои осорхона ва китобхонаи шаҳрӣ ифтитоҳ ёфт.

Ин бино, ки қисмати марказӣ ва асосии он аз ду ва паҳлўҳои он аз се ошёна иборат мебошанд, бо харҷи 6 млн. 800 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷети ҷумҳурӣ бунёду муҷаҳҳаз гардидааст.

Осорхона дар ошёнаи якуми қисмати асосӣ ва ва китобхонаи марказӣ дар ошёнаи дуюми он ҷойгир шудаанд. Дар ду паҳлуи сеошёнаи бино бошад, шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода фаъолият мекунанд.

Масоҳати умумии осорхона 600 метри мураббаъ мебошад, китобхона барои 39000 адад китоб пешбинӣ гардидааст. Китобхона ҳамчунин дорои шуъбаи электронӣ бо 4,5 ҳазор нусха китоби электронӣ мебошад. Дар китобхона маҳфили шоирони наврас фаъолият мекунанд, ки худро шогирдону пайравони асили устод Турсунзода мешуморанд.

Бинои зебою муосири осорхонаю китобхона бо пешниҳоди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба номи Мирзо Турсунзода номгузорӣ карда шуд.
Дар маҳаллаи 9 шаҳри Турсунзода Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як бинои 5 - ошёнаи истиқоматиро мавриди истифода қарор дод, ки дар он 75 оилаи хуштолеъ соҳиби хонаҳои барҳаво гардиданд.

Ин бино, ки дорои 15 хонаи якҳуҷрагӣ ва 30 – тогӣ хонаҳои ду ва сеҳуҷрагӣ мебошад, аз ҷониби КВД «Алюминсохтмон» бо харҷи 16 млн. сомонӣ маблағҳои КВД «Ширкати Алюминии Тоҷик» бунёд ёфтааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити зисти дар ин хонаҳо муҳайёгардида аз наздик шинос шуда, сокинони онҳоро бо соҳиби хонаҳои нав шуданашон табрику таҳният гуфт.

Дар паҳлўи ин бино Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда бунёди боз як бинои истиқоматии дорои 75 хонаро оғоз намуд.

Дар боғи марказии шаҳри Турсунзода Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони сершумори мардуми шаҳр мулоқоти озоду ошкоро намуда, ба суолу дархостҳои онҳо посух дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520