Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи корхонаи заргарӣ дар ҷамоати деҳоти Шугнови ноҳияи Ховалинг

29.09.2013 12:15, ноҳияи Ховалинг

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз маркази ноҳияи Ховалинг ба ҷамоати деҳоти Шугнов ташриф оварда, нахуст дар маросими ифтитоҳи як корхонаи заргарӣ иштирок намуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, ин корхона бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бунёд ёфта, дар он 30 нафар ба кори заргарӣ ҷалб карда шудаанд. Ояндаи наздик шумораи коргарон то ба 60 нафар расонда мешавад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони маҳаллӣ барои дастгирӣ ва пуштибонӣ аз сиёсати хайрхоҳона ва бунёдкоронаи роҳбари давлат ва Ҳукумати кишвар арзи сипос карда, бо хушнудӣ изҳор дошт, ки акнун як ҳисса аз тиллою нуқраи аълосифати Шугнов дар худи ҳамин маҳал коркард шуда, чун маҳсулоти тайёри ниҳоӣ ба бозор пешниҳод мегардад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки коркарди тиллою нуқра ва дигар маъданҳою сангҳои гаронарзиши Тоҷикистон бояд дар дохили кишвар васеъ ба роҳ монда шавад. “Ин кор имкон медиҳад, ки боз садҳо ва ҳазорон ҷойҳои нави корӣ муҳайё гардида, иқтидори истеҳсолӣ ва содиротии кишвар афзун шавад”, таъкид намуд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон. Ҳамчунин маслиҳат дода шуд, ки коркарди тиллою нуқра бо навтарин технологияи муосир ба роҳ монда шавад, то маҳсулоти тайёри заргарии мо ба бозори ҷаҳонӣ роҳ ёбад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520