Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳринав

22.07.2011 18:00, ноҳияи Шаҳринав

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳринав бо истиқболи самимии роҳбарият ва аҳли ҷамоаи ноҳия дар назди пули болои рўди Қаратоғ оғоз ёфт.

Бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои нави мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Аз шароити муосири корӣ барои кормандони мақомот изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Сипас дар деҳаи Тоҷикистони ноҳияи Шаҳринав бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон санги асоси як корхонаи коркарди нафт бо нома ба наслҳои оянда гузошта шуд.

Тавре зикр гардид, ин корхонаи хусусӣ хоҳад буд, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Рустам Дўстов дар майдони 10 га бунёд меёбад.

Зикр гардид, ки дар замони сохтмони ин корхона 120 нафар ва баъди ба кор даромаданаш тадриҷан то 500 кас дар ин ҷо соҳиби кор хоҳанд шуд.
Корхона дар давраи аввал бо иқтидори коркарди 100 ҳазор тонна нафт дар як сол ба нақша гирифта шудааст. Минбаъд иқтидори он бояд то 200 ҳазор тонна бардошта шавад.

Таъкид гардид, ки корхона бо навтарин дастгоҳҳои технологӣ муҷаҳҳаз карда шуда, то моҳи сентябри соли 2012 ба кор дароварда шавад.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ин корхона самараи дастгирии давлатии рушди соҳибкории хурду миёнаи хусусӣ мебошад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки минбаъд Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тақвияти дастгирии соҳибкории хурду миёнаи хусусӣ тадбирҳои судбахши иловагӣ андешида, амалӣ хоҳад кард.

Аз ин ҷо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба заминҳои хоҷагии деҳқонии Фирдавси ҷамоати деҳоти Чузӣ ташриф оварда, бо фаъолияти ангўрпарварии аҳли заҳмати он аз наздик шинос шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ин ҷо дар майдони 1 га ангўри навъи ҳусайнии маҳаллӣ парвариш меёбад ва аҳли заҳмат умед доранд, ки аз ин боғ то 40 тонна ангўри хушсифат ҷамъоварӣ намоянд. Аҳли хоҷагӣ, ҳамчунин бо парвариши дигар навъҳои меваю сабзавот ва занбўри асал машғул будаанд.
Деҳқонону боғдорони асил таъкид доштанд, ки дар заминҳои ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода беҳтарин меваю сабзавот, аз ҷумла навъҳои содиротӣ парвариш меёбанд, ки дар бозорҳои дохилу хориҷи кишвар харидорони бешумор доранд.

Дар боғи марказии ноҳияи Шаҳринав Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони сершумори мардуми заҳматкаши ин ноҳия мулоқоти рў ба рў анҷом дод.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520