Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат

03.10.2013 13:07, шаҳри Ваҳдат

Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як зумра иншооти иҷтимоию фарҳангӣ ва иқтисодӣ ба шаҳри Ваҳдат ташриф овард.

Боздиди кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз маркази шаҳри Ваҳдат бо ифтитоҳи як бинои панҷқабатаи истиқоматӣ, ки дар қабати якум ва таҳхонааш маркази савдо ва хизматрасониҳои гуногун ва хонаи ақди никоҳ ҷойгир шудааст, оғоз ёфт.

Дар хонаи ақди никоҳи ин бинои зебои навбунёд тӯйи арӯсии дастаҷамъонаи хайрияи 10 ҷуфти ҷавон аз оилаҳои ниёзманд барпо карда шуд. Дар ҳамин толор Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба ҳамаи 40 нафар наврасону ҷавонони аз падару модар ятиммонда кумаки моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд. Ба ҳар яки онҳо, аз ҷумла дафтарчаҳои амонатии Бонки давлатии амонатгузории Амонатбонк бо 1000 сомонӣ дар суратҳисобашон ва яктогӣ планшет барои кор бо технологияҳои муосири иттилоотӣ тақдим гардид. Туҳфаҳои арзишманд, аз ҷумла асбобҳои барқии рӯзгордорӣ, ҳамчунин ба 10 ҷуфти навхонадорон супурда шуд.

Дар таҳхонаи бино коргоҳи дӯзандагӣ омода шудааст, ки дар он то 30 нафар занону духтарон соҳиби кори доимӣ мегарданд. Соҳибкори маҳаллӣ Файзалӣ Раҷабов, ки ин биноро бунёд намудааст, бо маслиҳати Сарвари давлат уҳдадор шуд, ки як коргоҳи калони дӯзандагии дигар бо 200 ҷойи корӣ бунёд намояд. Бо ишора ба шумораи аҳолии шаҳри Ваҳдат, ки ба 300 ҳазор нафар расидааст ва 61 ҳазор мактаббачаи он таъкид гардид, ки талаботи мардум ба либосворӣ, аз ҷумла либоси мактабӣ бояд аз ҳисоби маҳсулоти корхонаҳои маҳаллӣ қонеъ гардонда шавад.

Дар 4 қабати болоии бино 32 хонаи аз як то чорҳуҷрагӣ ҷойгир шудаанд, ки бо тарҳи зебову дилнишин сохтаю муҷаҳҳаз гардидаанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз чанд хонаи он дидан карда, ба тарҳи бино ва сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520