Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи толори варзишӣ дар маркази ноҳияи Ванҷ

08.10.2013 09:57, ноҳияи Ванҷ

Дар маркази ноҳияи Ванҷ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як толори варзишии дорои 300 ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки барои намудҳои гуногуни варзиш бо тамоми шароити муосир бунёд ёфтааст. Тавре иттилоъ доданд, ин толор дар муддати 3 моҳ бо харҷи 2,5 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Нуралӣ Шарипов сохта шудааст.

Бо хушнудӣ зикр гардид, ки пас аз мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони ҷумҳурӣ, ки моҳи декабри соли 2010 баргузор гардида буд, дар Тоҷикистон то имрӯз 2,5 ҳазор иншооти варзишӣ бунёд ёфтааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони ноҳияи Ванҷ, ки дар риштаҳои гуногуни варзиш, хусусан дар намудҳои гуногуни гӯштин дар дохил ва хориҷи кишвар дастовардҳои намоён доранд, суҳбат намуда, онҳоро ба фатҳи қуллаҳои нав ба нав ва кулли ҷавонону наврасонро ба тарзи ҳаёти солим ҳидоят намуд.

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520