Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо бозмондаҳои шаҳраки бостонии Карон дар ноҳияи Дарвоз

08.10.2013 15:09, ноҳияи Дарвоз

Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Дарвоз ташриф оварда, нахуст бо бозмондаҳои шаҳри бостонии Карон бевосита шинос шуд.

Ба иттилои олими бостоншиноси тоҷик Юсуфшо Ёқубов, ки ин мавзеъро ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муаллифӣ намуд, ин шаҳр тақрибан 4 ҳазор сол пеш бунёд ёфта, ба даврони тамаддуни ориёиёни бостонӣ рост меояд. Маъбадҳое, ки дар натиҷаи ҳафриёти бостоншиносон пайдо шудаанд, аз пайравони оини зардуштӣ будани сокинони ин шаҳр гувоҳӣ медиҳад. Дар он бозмондаҳои маъбади панҷманори оташ, маъбади об, ду маъбади бод, осиёби бодӣ, лавҳи китоби Авасто, майдони калони чавгонбозӣ, маҷлисгоҳҳо ва биноҳои маъмурию истиқоматӣ ба назар мерасанд.

Тибқи пешгӯии олимони бостоншинос, боқимондаҳои деворҳои иҳотавӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ин шаҳри ҳокимнишин тақрибан дар масоҳати 100 га доман паҳн намуда будааст.

Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби шоири шаҳири тоҷик Муъмин Қаноат рамзи таърихии шаҳри Карон, ки нишонаи бостонӣ будани оини шаҳрсозӣ ва давлатдории миллати тоҷик аст, тақдим гардид. Ҳамчунин аз ҷониби олими шинохтаи тоҷик Нодир Одилов дастхати панҷсадсолаи Қуръони Карим ва аз ҷониби собиқадори кор Одил Бердиев ҷома ҳадя карда шуд. Дар ин ҷо, ҳамчунин нусхаҳои нодири китобҳои пурарзиши таърихию фарҳангӣ дар маъраз буданд, ки қисме аз онҳо бо оби тилло навишта шудаанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520