Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

26.07.2011 16:00, ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Мулоқоти имрўзаи мову шумо дар арафаи ҷашни муқаддаси бистсолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон – санаи мубораки соҳибихтиёриву соҳибдавлатии мардуми шарафманду сарбаланди тоҷик баргузор мегардад.

Бинобар ин, ҳамаи шуморо нахуст ба ифтихори ин рўйдоди бузурги таърихи навини кишварамон самимона табрик мегўям.

Хурсандиовар аст, ки ба истиқболи бистсолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳар як фарди худогоҳу худшинос ва ҳар шахси бонангу номус ба хотири ободии Ватан ва пешрафту тараққиёти кишвар ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳамроҳ шуда, барои ба як мулки шукуфону зебо табдил додани сарзамини аҷдодии худ саҳм гузошта истодааст.

Зеро мардуми шарифи кишвар имрўз хуб дарк кардаанд, ки мушкилоти моро ғайр аз худи мо каси дигар ҳал намекунад ва ҳеҷ кас ба ҷои мову шумо Ватанамонро обод намекунад.

Ин муҳаббату ихлоси самимии мардуми шарафманди Тоҷикистон, албатта, ба мо барои татбиқи сиёсати пешгирифтаамон ва рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат нерўву тавони тоза мебахшад.

Маҳз ба шарофати истиқлолияту соҳибихтиёрии давлатӣ дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Абдураҳмони ҷомӣ сол ба сол тараққӣ карда, сатҳу сифати зиндагии мардум тадриҷан беҳтар шуда истодааст.

ҳаҷми даромади буҷети давлатӣ ва маҳаллӣ дар ин давра мунтазам зиёд гардида, қисми хароҷоти буҷет доир ба дастгирии соҳаҳои афзалиятнок, хусусан бахшҳои иҷтимоӣ мунтазам афзоиш ёфта истодааст.

Буҷети маҳаллии ноҳия дар муқоиса бо соли 2001 27 маротиба афзуда, музди меҳнати кормандони хизмати давлатӣ 29 маротиба зиёд шудааст.

Танҳо дар давоми даҳ соли охир аз буҷети давлатӣ барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, сохтмони иншоот, роҳҳо ва дастгирии буҷети ноҳия беш аз 96 миллион сомонӣ равона гардидааст. Аз ҷумла, аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти мамлакат, маблағҳои мақсаднок аз буҷети ҷумҳуриявӣ, маблағҳои иловагӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба оилаҳои камбизоат ва аз ҳисоби маблағҳои асосии марказонидашудаи вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ барои сохтмони иншоот дар ҳудуди ноҳия 33 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Дар ин давра дар ноҳия 21 мактаби нав, зиёда аз 50 синфхонаҳои иловагӣ, 1 беморхона ва 4 бунгоҳи тиббӣ сохта, ба истифода дода шуда, ҳоло дар ноҳия 3 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 8 миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки онҳо барои паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолӣ, сохтмони мактабҳо, таъсис додани хоҷагиҳои деҳқонӣ, оилавӣ ва инфиродӣ, додани сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, бақайдгирӣ ва системаи кадастри замин ҷиҳати таъмин кардани тараққиёти устувори соҳаи кишоварзӣ равона карда шудаанд.

Дар давоми бист соли истиқлолият дар ноҳия 3 корхонаи пахтатозакунӣ, як корхонаи коркарди меваю сабзавот, 2 корхонаи хурди равғанбарорӣ, як хоҷагии моҳии хушзот ташкил ва собиқ фабрикаи парандапарварӣ, ки солҳои тўлонӣ бекор хобида буд, аз нав барқарор карда шуд. Дар натиҷаи чунин тадбирҳо истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 2,2 баробар, кишоварзӣ 1,9, гардиши савдои чакана 2,8 ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 5,6 баробар зиёд гардид.

Ҳамзамон бо ин, аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар ба масъалаи ташкили ҷойҳои нави корӣ дар маҳалҳо ва бо шуғли доимӣ фаро гирифтани теъдоди ҳарчи бештари одамон аҳамияти ҷиддӣ дода, бо татбиқи як қатор стратегияву барномаҳои дахлдор, аз ҷумла ҷиҳати рушди соҳибкорӣ ва ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳамаи имконияту шароити зарурӣ фароҳам оварда шуд.

Дар ин давра дар ноҳия даҳҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё карда шуда, инчунин ҳаҷми кўмаку дастгирии маъюбону ятимон ва бепарасторон беш аз 24 баробар зиёд шудааст.

Илова бар ин, бо мақсади ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолии ноҳия солҳои 2006 - 2010 тибқи қарорҳои дахлдори ҳукумати кишвар барои 2250 оилаи эҳтиёҷманд 283 гектар замин ҷудо карда шуд, ки дар натиҷа беш аз 15 ҳазор нафар шаҳрвандон бо хонаҳои нави истиқоматӣ таъмин мегарданд.

Вобаста ба ин, хотиррасон менамоям, ки тақсимоти одилонаи замин, мусоидат ба ташкили инфраструктураи муосири маҳалҳои аҳолинишини навбунёд, кўмаку раҳнамоӣ ба оилаҳои ҷавон дар бунёди манзилҳои истиқоматӣ қарзи инсонӣ ва вазифаи роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҷамоату маҳаллаҳо ва дигар сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ мебошад.

Ноҳияи Абдураҳмони ҷомӣ яке аз ноҳияҳои калонтарини кишоварзӣ буда, бештар аз 70 фоизи аҳолӣ бо истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғул мебошанд. Дар натиҷаи заҳмати софдилонаи кишоварзони асили ноҳия истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тамоюли мунтазами афзоиш дорад. Таи даҳ соли охир истеҳсоли ғалладонагӣ беш аз 4,1 баробар, картошка 21, сабзавот 74, полезӣ 3,1, меваҷот 3,2, ангур 3 баробар ва пахта 50 фоиз афзоиш ёфтааст.

Соҳаи боғу токпарварӣ ҳам дар ноҳия рушд ёфта, ҷиҳати татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014” танҳо дар ду соли охир 521 гектар боғи нав ва 24 гектар токзор бунёд гардида, 18 гектар боғи кўҳна барқарор карда шудааст.

Бо мақсади афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ ҳоло дар тамоми қаламрави кишвар, аз ҷумла ноҳияи Абдураҳмони ҷомӣ маъракаи кишти такрорӣ вусъат гирифта истодааст. Дар ноҳия аз 5550 гектари дурнамо ба ҳолати 14 июли соли равон 5150 гектар кишти такрорӣ анҷом дода шудааст.

Тавре ки ҳамаи шумо огоҳ ҳастед, бинобар таъсири тағйирёбии иқлим, зиёдшавии аҳолии сайёра, афзоиши истеъмоли маводи озуқа ва сўзишворӣ дар миқёси дунё солҳои охир боиси болоравии нарху наво дар бозорҳои ҷаҳонӣ гардида истодааст.

Бинобар ин, бори дигар таъкид менамоям, ки дар чунин шароит истифодаи оқилонаву самараноки обу замин ва афзун намудани истеҳсоли молҳои талаботи аввал вазифаи аввалиндараҷаи мову шумо дар роҳи таъмини амнияти озуқавории кишвар мебошад.

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эълон шудааст, диққати ҷиддӣ дода, барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон пайваста кўшиш менамояд.

Дар доираи татбиқи ин ҳадаф танҳо дар вилояти Хатлон дар давоми солҳои 2006 - 2010 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 311 бинои мактаб барои 56 000 ҷойи нишаст, аз ҷумла 153 мактаби нави замонавӣ барои 32 000 ҷойи нишаст, инчунин дар назди 158 мактаб барои 24 000 ҷойи нишаст ба маблағи 253 миллион сомонӣ синфхонаҳои иловагӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Аз ҷумла, дар ноҳияи Абдураҳмони ҷомӣ дар ин давра 21 мактаби нав, зиёда аз 50 синфхонаҳои иловагӣ, 1 беморхона ва 4 бунгоҳи тиббӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

Бояд гуфт, ки чор мактаби ноҳия зиёда аз 40 сол дар вагонхонаҳо ҷойгир шуда буд. Дар муддати кўтоҳ сохта, ба истифода додани шумораи зиёди мактабҳо боиси бо ҷойи нишаст таъмин шудани хонандагон гардида, аз ҷумлаи дастовардҳое маҳсуб мешавад, ки дар даврони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба мо муяссар шудааст.

Бо дастгирии ҳукумат айни ҳол дар ноҳия сохтмони 4 мактаби нав, 8 синфхонаи иловагӣ ва як бинои дуошёна барои 240 ҷойи нишаст идома дорад.
Дар остонаи ҷашни истиқлолият ба истифода супоридани як мактаби нави замонавӣ барои 2 000 хонанда дар ду баст, ки имрўз мо шоҳиди он будем, боз як рўйдоди фараҳбахш барои сокинони ноҳия мебошад. Чунки инкишофи ояндаи ҷомеа аз бисёр ҷиҳат ба ташкили раванди бонизом ва босифати таҳсилоти шаҳрвандон вобаста буда, рушди давлату давлатдорӣ бо саъю талоши насли созандаву эҷодкор алоқаманд аст.

Таҷрибаи зиндагӣ нишон медиҳад, ки ба мактаб ҷалб намудани диққати падару модарон вазъи таълиму тарбияро беҳтар менамояд. Мактаб дар сурате ба ташаккули ахлоқу рафтор ва донишандўзии хонандагон бештар муваффақ мегардад, ки агар падару модар бо мактаб робитаи доимӣ дошта, ба таълиму тарбияи фарзандони худ ҷиддӣ машғул бошанд.

Бинобар ин, бояд оилаву мактаб бо ҷидду ҷаҳди якҷоя хонандаро тарбия кунанд, ўро ҳамчун шаҳрванди ғамхору сарфакор ба воя расонанд.

Вазифаи олии мову шумо аз он иборат аст, ки наврасону ҷавононро дар рўҳияи худогоҳиву худшиносӣ тарбия намоем, чунки онҳо пешбарандаву давомдиҳандаи кору фаъолияти мо мебошанд. Ин вазифа низ аз ҷумлаи ҳадафҳои муҳимтарини давлати соҳибистиқлоли мо дар соҳаи маориф буда, барои муваффақ шудан ба он ҳамаи мо бояд дастаҷамъона талош варзем.

ҳоло, ки мо дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ва дар остонаи ҷашни бузурги миллиамон - истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қарор дорем, ба ҳар як фарди бонангу номус ва саховатпеша хотиррасон месозам, ки барои дастгирии табақаҳои ниёзманд, пеш аз ҳама, ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоату бесаробон ва дигар шахсони эҳтиёҷманд ҳиммату ёрии ҷавонмардона ва башардўстонаи худро дареғ надоранд.

Мову шумо бояд ба насли ҷавон ва фарзандону набераҳоямон бо чунин амалҳои неки худ намунаи ибрат бошем, дар ниҳоди онҳо инсондўстӣ ва фазилатҳои неки инсониро парвариш намоем.

Ба шукронаи соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ ва бо андешаи фардои ободи Ватан ҳам кормандони мактабу маориф, ҳам падару модарону аҳли ҷомеа бояд мунтазам талош намоянд, ки ворисони арзанда ва номбардорони ояндаи халқи моро ба камол расонанд, то ки онҳо мисли Абдураҳмони ҷомӣ ифтихори наслҳои оянда гарданд.

Дар охир ба шумо – роҳбарон ва фаъолони ноҳия бори дигар таъкид менамоям, ки гузаронидани ҳашару чорабиниҳои дастаҷамъӣ, корҳои ободонӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани хонаву манзили зист ва кўчаву маҳаллаҳоро вусъати тоза бахшида, ҷашни пурифтихори миллиро бо дастовезҳои шоиста истиқбол намоед. Зеро расидан ба ҳадафҳои бузурги созандаву бунёдкорона ва муваффақ шудан ба рушду шукуфоии кишвар танҳо бо иштироки фаъолонаи ҳар кадоми мо дар иҷрои нақшаву барномаҳои давлатӣ ва заҳмати софдилонаву садоқатмандона муяссар мегардад.

Бо ҳамин орзуҳои нек ҳамаи шуморо бори дигар ба ифтихори 20 - умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон табрик гуфта, ба хонадони ҳар кадоматон файзу баракат ва хушбахтиву хушрўзӣ орзумандам.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520