Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сайри боғи Бадахшон

09.10.2013 08:41, шаҳри Хоруғ

Дар боғи наздикии фурӯдгоҳи Хоруғ бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон намоишҳои бошукӯҳи кишоварзию фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар маърази ин намоишгоҳи бузург намунаҳои тамоми маҳсулоти кишоварзии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла меваю сабзавоти гуногун, аз қабили себ, нок, чормағз, тут, картошка, каду, помидор, гиёҳҳои сершумори шифобахш ва дорувории аз он омодашуда, анвои гуногуни нону кулча ва шириниҳои маҳаллӣ ба назар мерасид. Беш аз ҳама Кӯҳистони Бадахшон, албатта бо себҳои хушлаззаташ, ки 67 намуди он  дар ин вилоят парвариш меёбад, картошкаи бенуқсон ва гиёҳҳои шифобахши худ шуҳрат дорад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз соҳибкоризани ванҷӣ Васила Ғафурова, ки бо дорусозӣ аз гиёҳҳои шифобахши Бадахшон машғул аст, як миқдор доруворӣ харидорӣ намуд. Тавре зикр гардид, дорувории ин зани ташаббускори тоҷик, хусусан равған ва шарбати ангат то ба давлатҳои Аврупо содир карда мешавад.

Чунонки аён гардид, коркарди саноатии меваю сабзавоти Бадахшон дар шаҳри Хоруғ васеъ ба роҳ монда шудааст. Маҳсулоти онҳо, аз ҷумла меваи хушк, чормағз, тут ва ғайра бо бастабандии муосири ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯй ба хориҷи кишвар содир мегардад. Иттилоъ доданд, ки ҳалво ва тутпиз, ки аз тути хушлаззати ноҳияҳои Бадахшон омода шуда, дар коргоҳҳои хурди шаҳри Хоруғ чун шакалад бастабандӣ мешавад, дар Туркия, Италия, Олмон ва дигар кишварҳо аллакай бозори худро пайдо намудааст.

Қисмати муҳим ва ҷолиби ин намоишҳо, албатта бахши фарҳангии он буд, зеро Бадахшон ҳамчунин бо санъати волои мусиқӣ ва рақсу сурудҳои дилнавозаш шуҳрати зиёд дорад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз дидани ин ҳама маҳсулоти хушлаззату бенуқсони кишоварзӣ ва намоишҳои фарҳангии мардуми хушсалиқаи Бадахшон рӯҳу илҳоми тоза гирифта, барои ҳифзи ин ҳама зебоию сарватҳо ва афзоиши бештари онҳо ба масъулин дастур ҳидоятҳо дод. 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520