Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои нави Маркази бемориҳои сили Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

10.10.2013 07:45, шаҳри Хоруғ

Имрӯз сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар маркази маъмурии он – шаҳри Хоруғ идома ёфт. Нахуст дар маҳаллаи Бархоруғи шаҳри Хоруғ бинои нави Маркази бемориҳои сили вилоят дар фазои тантанавӣ ифтитоҳ ёфт.

Тавре зикр гардид, бинои пешинаи ин марказ хеле фарсуда шуда, шароити корию маишияш ба талабот ҷавобгӯй набуд. Бинои нав бо харҷи 10 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ ва гранти Хазинаи глобалӣ бунёд ёфта, дорои таҷҳизоти навтарини муоина, ташхис ва табобати беморони сил ва ҳамчунин шароити муосири маишӣ мебошад. Дар ин ҷо дастгоҳу таҷҳизоти муосири гаронарзиш, аз ҷумла ренгени рақамӣ, ки арзишаш 450 ҳазор доллари амрикоӣ аст, дастгоҳи маҷмӯаи дандонпизишкӣ, таҷҳизоти ташхиси фаросавтӣ, сабти барқии кори дил, дастгоҳи нафдиҳии сунъӣ ва ғайра насб гардидаанд.

Марказ дорои 4 шуъба – шуъбаҳои беморони сили мутобиқшуда, кӯдакона, озмоишгоҳ ва дармонгоҳи озмоишӣ мебошад.

Дар маркази вилоятии бемориҳои сил, ҳамчунин дастгоҳҳои тибби фосилавӣ васл гардидааст, ки тавассути он табибон бо ҳамкасбони худ аз шаҳри Душанбе, дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва ҳам хориҷи кишвар ба таври мустақим дар тамос шуда, машварат мекунанд.

Дар ин бино, ки барои 45 кати хоб пешбинӣ шудааст, то 48 нафар табибон ва дигар кормандон бо кори доимӣ таъмин мегарданд.

Тавре иттилоъ доданд, дар бинои кӯҳнаи марказ пас аз тармиму навсозиаш диспансери вилоятии бемориҳои сил ҷойгир карда мешавад.

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520