Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи ду бинои истиқоматӣ ва гузоштани хишти аввали нахустин бинои нӯҳошёна дар шаҳри Хоруғ

10.10.2013 10:19, шаҳри Хоруғ

Имрӯз дар шаҳри Хоруғ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ду бинои истиқоматӣ бо 44 хонаи барҳаво мавриди истифода қарор гирифта, ба сохтмони нахустин бинои нӯҳошёна дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон асос гузошта шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Мактаби президентии шаҳри Хоруғ, ки имрӯз ба яке аз беҳтарин муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ табдил ёфтааст, ташриф оварда, бинои истиқоматии дорои 20 хонаро барои омӯзгорони ин мактаб мавриди истифода қарор дод.

Инак хонаводаи 20 омӯзгори мактаби президентии шаҳри Хоруғ дар ин бино соҳиби хонаҳои зебою барҳаво ва дорои шароити хуби зиндагӣ шуданд. Калид ва санадҳои хонаҳо ба қисмате аз соҳибхонагон аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон супурда шуд.

Тавре аён гардид, ин бино дорои хонаҳои ду ва сеҳуҷрагии басе васею барҳаво аст. Хонаҳои дуҳуҷрагии он аз 102 ва сеҳуҷрагӣ аз 120 метри мураббаъ иборат мебошанд.

Тавре иттилоъ доданд, ин бинои муҳташам бо харҷи беш аз 7,5 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ бунёд ёфтааст.

Дар маркази шаҳри Хоруғ аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони нахустин бинои нӯҳошёнаи истиқоматӣ дар қаламрави ин вилоят оғоз бахшида шуд.

Чунонки иттилоъ доданд, ин бинои нӯҳошёнаи иборат аз се қисмат ва 190 хона дар зарфи се сол бо харҷи беш аз 133 миллион сомонӣ бунёд хоҳад ёфт. Хонаҳои ин бино як, ду ва сеҳуҷрагӣ буда, бо нархҳои нисбатан арзону дастрас, пеш аз ҳама ба табақаҳои иҷтимоии аҳолӣ пешкаш хоҳанд шуд.

Як бинои шашошёнаи истиқоматӣ бо 24 хонаи ду ва сеҳуҷрагӣ дар ҳудуди отряди сарҳадии шаҳри Хоруғ барои кормандони сохторҳои қудратӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Чунонки аён гардид, хонаҳои ин бино ҳам басо васею барҳаво буда, мутаносибан аз 102 ва 120 метри мураббаъ иборатанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ дар ҳарду бинои нави истиқоматӣ баҳои баланд дод.

Чунонки иттилоъ доданд, то соли оянда дар ҳамин мавзеъ боз як бинои дигари истиқоматӣ бо 48 хона барои кормандони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот сохта ба истифода дода мешавад.

Дар ҳудуди отряди сарҳадӣ, ҳамчунин як маркази таълимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дорои беҳтарин шароити таълимӣ, корию хизматӣ ва маишӣ мебошад. Дар ҳамин ҷо, ҳамчунин сохтмони бинои хобгоҳи ин марказ низ идома дорад, ки то охири соли равон бо шароти муосири будубоши доимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520