Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

10.10.2013 14:42, шаҳри Хоруғ

Дар боғи марказии фарҳангию фароғатии шаҳри Хоруғ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сершумори аҳли ҷомеаи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқоти озоду ошкоро ва басо самимӣ анҷом дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ин гӯшаи баландкӯҳи Тоҷикистони биҳиштосоро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, вазифаҳои минбаъдаро муайяну мушаххас кард.

Аз ҷумла зикр гардид, ки ҳоло тибқи «Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар давраи то соли 2015» татбиқи 121 лоиҳаи сармоягузорӣ бо харҷи беш аз 3,5 миллиард сомонӣ дар назар аст. Таъкид гардид, ки агар дар давоми солҳои истиқлолият даромадҳои дохилии буҷети вилоят 151 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ барои пӯшонидани хароҷоти буҷети вилоят ва пардохти нафақа беш аз 830 миллион сомонӣ субвенсия равона гардидааст. “Танҳо соли равон барои дастгирии буҷети вилоят дар ҳаҷми 72 миллион сомонӣ субвенсия ҷудо шудааст, ки он 80 фоизи хароҷоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро ташкил медиҳад”- зикр намуд Сарвари давлат.

Ҳамчунин хотиррасон гардид, ки “танҳо соли гузашта сохтмону навсозии беш аз 200 иншооти хурду бузург бо арзиши умумии 380 миллион сомонӣ оғоз гардид, ки то имрӯз 80 иншоот ба маблағи 57 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор гирифтааст”.

Таъкид гардид, ки “соли равон ҳам корҳои бунёдкориву ободонӣ дар вилоят вусъати тоза гирифта, илова ба оғози корҳо дар як қатор иншооти нав сохтмон ва тармиму навсозии 185 иншооти таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ ба маблағи 440 миллион сомонӣ идома дорад”.

Зимни суханронӣ ва посух ба суолу дархостҳои сершумори мардум Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, барои рушди бонизому устувори минбаъдаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.
 

 

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520