Дар хоҷагии деҳқонии Чоркӯҳи ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти ибратбахши аҳли заҳмати он бевосита шинос шуд.
Тавре аён гардид, деҳқонони ин хоҷагӣ ҳар ваҷаб замини корамро пурсамар истифода мебаранд. Дар миёни қаторҳои боғи навбунёд ғаллаи тирамоҳӣ кишт намудаанд ва умед доранд, ки аз ҳар гектараш 82 сентнерӣ ҳосили гандум бардоранд. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Исфара, хусусан ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ, зиёдтарин ҳосили ғалладона дар ҷумҳурӣ рӯёнда мешавад.
Кишти такрорӣ низ васеъ ба роҳ монда мешавад. Аз ҳар гектар мошу лӯбиё, ки кишти такрорӣ аст, умеди бардоштани 11 сентнерӣ ҳосил доранд.
Аз шиносоӣ бо боғи навбунёди себи тирамоҳии хубонӣ аён гардид, ки ин намудҳои себ низ дар Чоркӯҳ хуб парвариш меёбад. Дар миёни қаторҳои ин боғ низ ғалладона кишт намудаанд, ки ҳосилаш фаровон хоҳад буд.
Дар ин ҷо кишоварзони ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ маҳсули заҳмати худро ба маъраз гузоштанд. Тавре аён гардид, аҳли заҳмати ин ҷамоат дар парвариши анвои гуногуни меваю сабзавот, коркарди саноатӣ ва содироти он ба хориҷи кишвар таҷрибаю маҳорати ибратомӯз доранд.