Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи варзишгоҳи дорои 4 ҳазор ҷойи нишаст дар ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара

12.10.2013 12:55, шаҳри Исфара

Дар ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як варзишгоҳи бошукӯҳ ифтитоҳ ёфт.

Тавре аён гардид, ин варзишгоҳ  дорои майдони калони варзишӣ бо 4 ҳазор нишаст барои тамошобинон  ва толори зебои обутоби бадан ва дигар толору утоқҳои зарурӣ аст.

Ин иншооти варзишӣ, ки боиси шодию нишоти наврасону ҷавонон ва ҳама дӯстдорони тарзи ҳаёти солим дар ин ҷамоат гардидааст, бо харҷи 2 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Мухтор Ҳомидов ва Сахиюлло Азизов дар муддати кӯтоҳ бунёд ёфтааст.

Кунун роҳбарият ва мардуми ин ҷамоат имкон доранд, ки дар варзишгоҳ натанҳо чорабиниҳои васеи варзишӣ, балки тантанаҳои оммавии фарҳангӣ низ ба роҳ монанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи ин варзишгоҳи зеборо ба мардуми ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара табрику таҳният гуфта, ба соҳибкорони онро бунёднамуда барои дастгирӣ аз сиёсати бунёдкорию созандагии Ҳукумати кишвар ва саҳмгузорӣ дар тарбияи варзишгарони номбардори давлату миллат арзи сипос кард.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520