Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Филиали 86-уми Тоҷиксодиротбонк дар шаҳри Исфара ифтитоҳ ёфт

12.10.2013 17:14, шаҳри Исфара

Дар маркази шаҳри Исфара аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон филиали 86-уми Тоҷиксодиротбонк ифтитоҳ ёфт.

Зимни боздид аз ин бинои нави боҳашамат, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, дар он бо назардошти ошхонаю меҳмонхонааш 40 нафар бо кори доимӣ ва маоши аз ҳазор то 4 ҳазор сомонӣ таъмин гардидаанд. Зикр гардид, ки аз ҷониби ин бонк дар шаҳри Исфара бо назардошти ду маркази хизматрасонӣ дар ҷамоатҳои Чоркӯҳу Ворух 64 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд. Тавре таъкид гардид, беш аз 50% ҳамаи кормандони ин бонкро занону духтарон ташкил медиҳанд.

Иттилоъ доданд, ки сандуқи қарзии Тоҷиксодиротбонк дар шаҳри Исфара аз 16 миллион сомонӣ иборат аст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520