Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тӯйи хайрияи дастаҷамъонаи 100 кӯдак ва 15 ҷуфти ҷавон дар гулгашти Исмоили Сомонии шаҳри Исфара

12.10.2013 17:31, шаҳри Исфара

Дар гулгашти Исмоили Сомонии шаҳри Исфара бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тӯйи хайрияи 100 писарча  ва 15 ҷуфти ҷавони навхонадорон аз оилаҳои ниёзманд дастаҷамъона ба роҳ монда шуд.

Чунонки аён гардид, гулгашти Исмоили Сомонии шаҳри Исфара бо пайкараи боҳашамати  асосгузори нахустин давлати бузурги тоҷикон – Сомониён ба як макони зебою дилнишини сайру тамошои сокинону меҳмонони ин шаҳри бостонӣ табдил ёфтааст. Дар ин макони зебо ва хусусан бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардидани тӯй дар хотири ин кӯдакону навхонадорон ва наздикону пайвандонашон нақш баста, боиси ифтихору сарфарозиашон хоҳад гашт.

Аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як кӯдак яктогӣ телевизору дучарха ва ба ҳар ҷуфти ҷавон яхдону телевизор ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Ба ҳамаи онҳо, ҳамчунин кумаки яквақтаи молиявӣ расонда шуд. 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520