Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумаки Президент ба ятимони вилояти Суғд

14.10.2013 13:23, шаҳри Гулистон

Дар Маркази истироҳатӣ ва солимгардонии кӯдаконаи Шоҳини шаҳри Қайроққум Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакону наврасони вилояти Суғд, ки аз падар ва ҳам модар ятим мондаанд, кумаки моддӣ расонд.

Тавре зикр гардид, ин кӯдакону наврасон, ки бо амри тақдир аз падар ва ҳам модар ятим мондаанд, барои мулоқот бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҷамъ омаданд.

Шумораи умимии ин дӯстрӯякон 700 нафар аст. Ба ҳар яки онҳо аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон кумаки яквақтаи моддӣ расонда шуд. Кумаки Президентӣ аз маҷмӯи пурраи сару либоси мактабӣ, варзишӣ, пойафзолу либосҳои болопӯши зимистона, як миқдор маблағи амонатӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ иборат аст.

Кӯдакону наврасони ятим аз таваҷҷуҳи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, суҳбати бевосита бо ӯ ва кумаки моддӣ хушҳолу сарфароз гардида, арзи сипос намуданд.

Тавре иттилоъ доданд, ин кӯдакону наврасон бо дастури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як ҳафта аст, ки дар ин мавзеи хушобу ҳаво бо истироҳату солимгардонӣ фаро гирифта шудаанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520