Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба мавзеи Яғноби ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ

03.08.2011 13:00, ноҳияи Айнӣ

Субҳи имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ба кор даровардани иншооти зиёди сершумори иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сафар кард.

Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеи Яғноби ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ оғоз ёфт.

Месазад зикр намуд, ки ин нахустин боздиди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз ин мавзеи баландкўҳи таърихӣ ва дорои табиати зебою дилфиреби Тоҷикистон аст.

Зимни боздид аз намоишгоҳи маҳсули ҳунарҳои мардумии халқи суғдитабори Яғноб Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо тарзи зиндагии мардуми ин деҳоти кўҳистон, ки вижагиҳои зиёди фарқкунанда дорад, аз наздик шинос шуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо бо мардуми деҳоти кўҳистони мавзеи Яғноб мулоқоти озоду ошкоро доир намуд, ки дар он ҳамчунин масъулини сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳияи Айӣ ҳам иштирок доштанд.

Зимни суханронӣ ва посух ба суолу дархостҳои мардум Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини ҷумҳуриявию маҳаллӣ барои саҳлу сабук намудани рўзгори ояндаи онҳо супоришҳои мушаххас дод, аз ҷумла барои таъмини онҳо бо нерўи барқ, ҷудо намудани қарзҳои хурди бонкӣ ба соҳибкорон, бунёди инфрасохтори туристӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба ин мавзеи биҳиштосо, сохтмони мактабҳои замонавӣ, беҳдошти хизматрасонии тиббӣ ва хусусан доир ба ҳифз ва рушди забони модарӣ ва фарҳанги бостонии мардуми суғдитабори Яғноб.

Мардуми кўҳистони Яғноб ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини онҳо бо батареяҳои офтобии барқӣ, ки дар арафаи ин сафар дастрас гардиданд ва дигар ғамхориҳои доимӣ арзи хушнудию сипос карданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки барои пурра ба анҷом расондани сохтмони 25 км роҳи боқимондаи мошингард миёни деҳоти Яғноб лоиҳа омода ва пешниҳод карда шавад ва таъкид дошт, ки ин кор аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ хоҳад шуд. Хотиррасон гардид, ки то ин вақт мавзеъ 26 км роҳҳои мошингард бунёд ёфтаанд. ҳамчунин дастур дода шуд, ки барои рушди боғдорӣ дар Яғноб чораҳои судбахш амалӣ карда шаванд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520