Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент

03.08.2011 16:00, шаҳри Панҷакент

3 августи соли 2011 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Панҷакент ташриф овард.

Дар фурўдгоҳи Панҷакент мардуми шаҳр Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо рақсу сурудҳои тару тоза дар васфи ватану ватандорӣ ва ифтихор аз истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз истиқбол гирифтанд.

Дар саҳни ҳавлии фурўдгоҳ ба истиқболи солгарди 20 – уми истиқлолияти давлатии Тоҷикистон хатнасури дастаҷамъонаи 100 нафар писарчаҳои дўстрў аз оилаҳои бесаробон ва камбизоати шаҳри Панҷакент ороста шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар яки онҳо яктогӣ телевизору қолин ва либосҳои кўдакона тўҳфа намуд.

Дар маркази шаҳри Панҷакент бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахуст як ҳавзи болопўшидаи шиноварӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ин бинои варзишӣ бо ҳавзи шиноварии дарозию паҳноияш ба 25x10 метр аст, бо харҷи 500 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ бунёд ёфтааст.
Дар толори ҳавзи шиноварӣ барои 300 нафар тамошобин ҷойи нишаст омода гаштааст, ки мутобиқ ба талаботи мусобиқаҳои варзишӣ мебошад. Оби ҳавз бо таҷҳизоти махсуси муосир гарм ва саривақт тоза карда мешавад.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар ин ҷо 25 кас бо кор таъмин мегарданд.

Аз ин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии деҳқонии Меҳнатободи ҷамоати деҳоти Халифа ҳасани шаҳри Панҷакент ташриф оварда, бо натиҷаҳои сабзавоткории аҳли заҳмати он аз наздик шинос шуд. Дар бошишгоҳи саҳроии ҳамин хоҷагӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони сершумори шаҳри Панҷакент мулоқоти озоду ошкоро анҷом дода, ба суолу дархостҳои онҳо посух дод ва барои ҳалли як қатор мушкилоти мавҷуда ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки барои барқарорсозии пойгоҳҳои барқии обкашӣ ва аз худ намудани заминҳои бекорхобида барномаи алоҳидаи давлатӣ таҳия ва пешниҳод карда шавад. Тибқи супоришҳои Сарвари давлат, барои рушди соҳаҳои гуногуни шаҳри Панҷакент, аз ҷумла доир ба тараққиёти зироаткорию боғдорӣ, шоликорӣ ва ғайра бояд нақшаи чорабиниҳои мушаххас таҳия ва тасдиқ гардад. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, ки доир ба лоҳакашӣ ва ҷалби сармоя барои тармиму навсозии роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент, ки масофааш 113,6 км аст, корҳо оғоз ёфтаанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520