Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои нави Сафорати Тоҷикистон ва мулоқот бо тоҷикону ҳамватанони муқими Белорус

24.10.2013 17:16, Беларус

Дар шаҳри Минск Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маросими ифтитоҳи бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус иштирок карда, дар ҳудуди он бо тоҷикон ва ҳамватанони муқими Беларус мулоқот намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Беларусро, ки дар мавзеи хушбоду ҳавои як гӯшаи шаҳри Минск қарор дорад, расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Ҳамчунин садо додани Суруди миллӣ ва бардошта шудани Парчами Тоҷикистон аз ифтитоҳи бинои нави Сафорат дар Ҷумҳурии Белорус башорат дод.

Тавре аён гардид, бинои нави Сафорат сеошёна буда, дар он тамоми шароити корию маишӣ барои кормандон ва қабули меҳмонон муҳайё гардидааст. Бинои Сафорат дорои толори барҳавои маҷлисӣ, утоқҳои муҷаҳҳази корӣ, ошхона, ҳавлии зебо ва боғи дарахтони мевадиҳанда ва ороишию сояафкан мебошад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ роҳбарият ва кормандони Сафоратро бо ифтитоҳи бинои нав табрику таҳният гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки минбаъд самараи кори онҳо дар роҳи рушди муносиботи ҳасанаи Тоҷикистону Беларус бештару беҳтар мегардад.

Табрикоту таманниёти наку ба онҳо, ҳамчунин аз ҷониби Муовини сарвазири Ҷумҳурии Белорус Анатолий Калинин баён гардид.

Дар боғи зебои Сафорати Тоҷикистон аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Муовини сарвазири Ҷумҳурии Белорус Анатолий Калинин яктогӣ ниҳоли себ шинонда шуд.

Дар толори маҷлисии бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Белорус Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо наздики 100 нафар тоҷикону ҳамватанони муқими Беларус мулоқот намуд. Тавре аён гардид, қисмате аз иштирокдорони мулоқот донишҷӯён мебошанд, ки дар муассисаҳои гуногуни таҳсилоти олии Белорус таҳсили илм мекунанд. Умуман дар Ҷумҳурии Белорус ҳоло беш аз 200 нафар донишҷӯён аз Тоҷикистон таҳсили илм доранд.

Сипас миёни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва тоҷикону ҳамватанони муқими Белорус маҳфили пурсишу посух баргузор гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520