Бегоҳии рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Минск, пойтахти Ҷумҳурии Белорус дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди гумрукӣ ба ҳайси меҳмон иштирок ва андешаронӣ кард.
Ба ҳайси меҳмон дар ин ҳамоиш, ҳамчунин сарони давлатҳои Арманистону Украина ва намояндаи Қирғизистон иштирок доштанд.
Дар ин ҳамоиш масоили вобаста ба таҳким ва густариши ҳамгироии иқтисодӣ, муттаҳидсозии имконоти муштарак, дурнамои тавсиаи Иттиҳоди гумрукӣ ва ташкили Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё баррасӣ шуд.
Хотиррасон бояд намуд, ки ба Иттиҳоди гумрукӣ давлатҳои Белорус, Русия ва Қазоқистон шомиланд.