Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ба кор даромадани як корхонаи нави заршўӣ

03.08.2011 15:30, шаҳри Панҷакент

Дар шаҳри Панҷакент бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин як корхонаи нави заршўӣ дар назди корхонаи муштараки Зарафшон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар он имрўз 140 нафар аз аҳолии маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин шудаанд. То охири соли равон шумораи коргарону мутахассисон танҳо дар ҳамин корхона ба 300 кас ва дар корхонаи муштараки Зарафшон ба зиёда аз 2000 нафар хоҳад расид.

Корхонаи нави заршўӣ бо иқтидори имрўзааш дар як шабонарўз метавонад то 2 ҳазор тонна маъданро коркард намуда, аз он тилло ва дигар металҳои қиматбаҳоро људо кунад.

Тибқи нақшаҳои мављуда то охири соли равон дар ин љо, ҳамчунин як корхонаи афинажӣ ба кор дароварда мешавад, ки ин дастоварди бузурги технологӣ дар Тоҷикистон хоҳад буд.

Тавре зикр гардид, ҳаљми истеҳсоли тилло дар корхонаи муштараки Зарафшон то соли 2013 ба 5 тонна дар як сол ва маблағи фурўши он ба 200 миллион доллари амрикоӣ баробар хоҳад шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520