Дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони меҳмонхонаи 16-ошёнаи дараҷаи 5 ситора оғоз бахшид.
Ин меҳмонхона ҳам аз ҷиҳати баландӣ ва ҳам дараҷаи байналмилалии 5 ситора дар шаҳри Кӯлоб нахустин хоҳад буд. Тибқи лоиҳа, ин меҳмонхона дорои 200 ҷойи хоб буда, бо харҷи 8,2 миллион доллари амрикоӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Маҳмадсодиқ Кулулов дар зарфи 2 соли оянда, яъне то ҷашни 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бунёд ёфта, ба як гӯшаи шаҳри Кӯлоб симою зебоии тоза зам менамояд.