Бегоҳии рӯз дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб, ки дорои 20 ҳазор ҷойи нишаст мебошад, бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ намоиш дода шуд.
Пеш аз оғози барномаи фарҳангӣ, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди мардуми бешумори Кӯлобшаҳри бостонӣ, ки ба ин муносибат ҷамъ омаданд, суханронӣ намуд.
Бо ёдоварӣ аз таърихи шуҳратманди бостонӣ ва муосири шаҳри Кӯлоб, саҳми мардуми ғаюру ватандусти ин мулки файзбор дар таҳкими истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллии кишвар ва ҳамчунин аз раванди ибратбахши ободонию созандагии имрӯзааш изҳори боварӣ карда шуд, ки минбаъд низ нақши фарзандони фарзонаи ин куҳандиёр дар рушду нумуи Тоҷикистони азиз намоён ва арзандаи таҳсину қадрдонӣ хоҳад буд.
Бо намоиши барномаи дилнишини фарҳангӣ, ки бо иштироки устодони санъати кишвар ва ҷавонону наврасони ояндадори ҷодаи санъат ҷараён гирифт, ин варзишгоҳи бузург ба як базмгоҳи бошукӯҳи идона ва тантанаи вахдату ягонагӣ, сулҳу субот, рушду нумуъ ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз табдил ёфт.