Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон



ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР


аз 20 ноябри cоли 2013 № 522
ш. Душанбе
 

Дар бораи муовини якуми Раиси Кумитаи
давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон -
сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи
давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Раҷабалӣ Раҳмоналӣ



Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон - сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.



Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

 

 

РАҶАБАЛӢ РАҲМОНАЛӢ
– муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон


РАҶАБАЛӢ Раҳмоналӣ 7 октябри соли 1967 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1989 Омӯзишгоҳи олии ҳарбию сиёсии сохтмонии Таллин ва соли 2004 Академияи умумиқушунии Қӯшунҳои Мусаллаҳи Федератсия Россия ба номи М.В.Фрунзеро хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1989 ба сифати муовини командири рота оид ба корҳои ҳарбию сиёсӣ, ёрдамчии командири ротаи сохтмонӣ бо ҳайати шахсии Раёсати корҳои муҳандисии Сарраёсати сохтмонии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ оғоз намуда, сипас дар вазифаҳои командири отряд, баталён ва бригадаи алоҳидаи 7-уми десантии ҳамлаовари Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз соли 2004 дар мансаби Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Рутбаи ҳарбии генерал-лейтенант дошта, бо орденҳои «Спитамен», «Шараф», «Зарринтоҷ» дараҷаи II ва медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 ноябри соли 2013 муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520