Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

05.08.2011 17:00, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Нимаи дуюми рўз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба корхонаи муштараки «Алфапет» - и ноҳияи Бобоҷон ғафуров ташриф оварда, ба фаъолияти коргоҳҳои он аз наздик шинос шуд.

Дар ин корхона сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ки 11 намуд аст, мароқ зоҳир намуда, барои таъмини рақобатпазирӣ ва ташкили содироти он маслиҳатҳои муфид дод.

ҳоло дар ин коргоҳи истеҳсолӣ, ки асосан ба истеҳсоли зарфҳои нимтайёри пластикӣ машғул аст, 53 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кор таъмин гаштаанд. 20 нафари онҳо барои аз худ намудани нозукиҳои ин технологияи муосири истеҳсолӣ дар хориҷи кишвар бозомўзӣ шудаанд.
Истеҳсолоти ин корхона, ки бо навтарин технологияи сатҳи ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст, зарурати воридоти зарфҳои пластикиро аз хориҷи кишвар барҳам зад.

Датгоҳҳои ҳарду хатти технологӣ аз давлатҳои аврупоӣ ба маблағи қариб 4 миллион долари амрикоӣ ворид карда шуда, имкон фароҳам овардаанд, ки рақобатпазирӣ ва содироти маҳсулот афзоиш дода шавад.

Дар корхонаи муштараки Алфапет коргоҳи дигари тавлидоти қолаби дару тирезаҳои пластикӣ дар нақша гирифта шудааст, ки баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он боз 50 нафари дигар бо шуғли доимӣ фаро гирифта хоҳад шуд. Иқтидори истеҳсолии корхонаи бунёдшаванда 4 ҳазор тонна маҳсулоти таёр дар намуди профили дару тирезаҳои пластикӣ мебошад. Ин маҳсулот низ метавонад моли содиротӣ гардад.

Маҳсулоти корхонаи Алфапет тибқи дархости фармоишгарон бо навиштаҷоти ном ва маълумоти суроғавии корхонаю ширкатҳои истеҳсолӣ тавлид мегардад.

Дар саҳни корхонаи муштараки Алфапет 21 корхонаи саноатии вилояти Суғд маҳсулоти худро ба маъраз гузоштанд. Тавре зикр гардид, дар зарфи 2 соли охир дар вилоят 209 корхонаи нави саноатӣ ба кор дароварда шудааст. 41 тои он дар 6 моҳи соли равон бунёд ёфтааст. Тавре иттилоъ дода шуд, то охири соли равон ин шумораи корхонаҳои нави хурду бузурги саноатӣ 60 расида, дар онҳо қариб 3 ҳазор нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд.

Иттилоъ дода шуд, ки онҳо дар афзун намудани ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти саноатии вилоят нақши намоён доранд. Дар қаламрави вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар 6 моҳи соли равон ба 962 млн. расида, суръати афзоиш ба ҳамин давраи соли гузашьта 24,5% - ро ташкил дод, ки ин 189 млн. сомонӣ зиёд аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз кори босамари минтақаи озоди иқтисодии Суғд ва корхонаҳои дигари саноатӣ, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсоли лампаҳои каммасраф, батареяҳои офтобӣ, коркарди меваю сабзавот, пашм, пўст, сангҳои ороишӣ ва ғайра изҳори қаноатмандӣ кард.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон таъкид дошт, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатиро бо истифода аз технологияи навтарин ба роҳ монда, ҳар чи бештар ба сифат ва рақобатпазирии маҳсулот таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, то ки ба ин васила ба бозори ҷаҳонӣ роҳ ёфта, боиси болобарии иқтидори содиротии кишвар гарданд.

Бо хушнудӣ таъкид гардид, ки ин нишондиҳандаҳо нишонаи дастгирии васеи давлатӣ аз соҳибкории хусусӣ, ба хусус соҳибкории истеҳсолӣ мебошад.
Дар ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Маркази саломатии деҳоти ин ҷамоат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон лентаи рамзиро бурида, иншооти мазкурро тўҳфаи идона ба табибон ва аҳолии ҷамоат унвон кард. Маркази саломатии деҳоти Хистеварз ба 28 ҳазор аҳолии ин ҷамоат хизмат хоҳад расонд. Хабар дода шуд, ки барои сохтмон ва муҷаҳҳазсозии ин маркази саломатӣ 2,6 миллион сарф шудааст ва он бо пешрафтатарин таҷхизоти муосири тиббӣ таъмин мебошад. Зимни шиносоӣ аз шароити фароҳамгашта Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дод. Бояд зикр намуд, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин марказ мушикили бошандагони ҷамоат дар самти хизматрасонии тиббӣ осон гардид ва барои фаъолият дар ин муассисаи тандурустӣ беҳтарин мутахассисон ҷалб шудаанд. Ба иттилои табибон, дар ин маркази саломатӣ, ки аз ду ошёна ва 23 ҳуҷраи муоинаю муолиҷа иборат мебошад, ҳуҷраҳои физиотерапевтӣ, ташхиси клиникиву биохимиявӣ, ултрасадо, дандонпизишкӣ, сабти барқии дил вағайра фаъол кунонда шудаанд.

Баъд аз шиносоӣ бо ҳуҷраҳои табобатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди намояндагони соҳаи тандурустӣ суханронӣ намуда, онҳоро ба хизмати содиқонаву софдилона ба мардум ҳидоят намуд. Сарвари давлат табибонро бо арафаи ҷашни муқаддасу пурифтихор -20 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон табрику таҳният гуфт.

Дар маркази деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Муассисаи таълимии ҳунарҳои миллӣ дидан карда, бо фаъолияти таълимию истеҳсолии шогирдону устодони он аз наздик шинос шуд.

Мавриди зикр аст, ки муассисаи таълимии мазкур бо ҳидояти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба хотири эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва талқини суннатҳои пурифтихори ниёгон ба ҷавонони имрўза аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Комилҷон Зуҳуров дар давоми чор моҳ сирф бо усули миллӣ ва бо сифати баланд бунёд гардидааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз маркази таълимӣ, ки аз бист утоқи омўзиши ҳунарҳои мардумӣ иборат аст, ба устодону шогирдони ин муассисаи таълимӣ-истеҳсолӣ барои эҳё ва муаррифии ананҳои шуҳратманди бостонии миллати тоҷик маслиҳатҳои судманд дод.

Дар ин марказ беш аз бист нафар устодон ба 250 шогирд, ки ҳама духтарону писарони ҷавони маҳаллӣ мебошанд, нозукиҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили кандакорӣ, гулдузию зардўзӣ, челонгарӣ, чеварӣ, рассомию наққошӣ, меъморӣ, ҳайкалтарошӣ, мисгарӣ, кулолгарӣ ва ғайра дар маҷмуъ 30 намуди касбу ҳунарро меомўзонад. Баъди ду соли таълим ва таҷрибаомўзӣ ба шогирдон шаҳодатнома доир ба хатми мактаб дода мешавад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки ин муассисаи таълимиро метавон осорхонаи этнографӣ номид, зеро ки дар он намунаҳои аксари ҳунарҳои зебои бостонию муосири тоҷикон эҳё гардида, ба дўстдорону қадршиносони ҳунарҳои воло пешкаш мешавад.

Мавриди зикр аст, ки дар ин маркази таълимӣ теъдоди муайяни сокинони маҳаллӣ ҳам ҳунар меомўзанд ва ҳам бо кор ва ва маоши то 800 сомонӣ таъмин гардидаанд. Гузашта аз ин, бо ҳидояти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти марказ ўҳдадор шуд, ки аз моҳи сентябри соли равон музди заҳмати онҳоро ба истиқболи 20 – солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 40% зиёд намояд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин мавзеъ, ҳамчунин як чойхонаи боҳашаматро, ки бо тарҳи меъмории қадимию муосир аз ҷониби соҳибкор ва устои маъруфи ин маҳал Комилҷон Зуҳуров бунёд ёфтааст, ифтитоҳ намуд. Чойхонаи мазкур дар масоҳати беш аз якуним гектар аз ҷонииби устоҳои чирадасти хистеварзӣ дар зарфи 10 моҳ бунёд ёфтааст. Дар сохтмону ороиши он 800 нафар сокинони маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин шуданд. Баъди пурра ба кор даромаданаш беш 100 нафар бо кори доимӣ таъмин мешаванд. Сарвари давлат ба сифати меъмории чойхона, дорои 1000 ҷойи нишаст аст, баҳои баланд дода, ба соҳибкори мааллӣ Устокомил Зуҳуров барои дастгирии сиёсати бунёдкоронаи ҳукумати кишвар арзи сипос намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520