Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон

09.08.2011 11:00, ноҳияи Балҷувон

Нимаи дуюми рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Балҷувон ташриф овард.

Дар ин ноҳияи зебоманзари кўҳистони тоҷик Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маросими мавриди истифода қарор додани бинои нави комиссариати ҳарбии ноҳия, ки бо тамоми шароити зарурӣ бунёд ёфтааст иштирок кард.

Дар деҳаи Сари Мазори ҷамоати деҳоти Саталмуш бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон як чойхонаи зебои миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тавре зикр гардид, чойхонаи мазкур аз ҷониби Иттифоқи «Тоҷикматлубот»-и мамлакат барои сокинону меҳмонони Балҷувони дорои таърихи бостонӣ ва табиати биҳиштосо бунёд ёфтааст.

Дар саҳни чойхона Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарият ва фаъолон инчунин намояндагони сершумори мардуми ноҳияи Балҷувон мулоқоти озоду ошкоро анҷом дод.

Зимни суханронии Сарвари давлат ва пурсишу посухҳо барои бартараф намудани мушкилу монеаҳои ноҳияи Балҷувон ва ободонии минбаъдаи ин минтақаи истироҳату туризм супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дастур дода шуд, ки рафти татбиқи се барномаи давлатӣ, ки барои рушди ноҳияи Балҷувон, аз ҷумла барои барпо намудани инфрасохтори истироҳату сайёҳӣ аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон тайи 10 соли охир қабул шудаанд, мавриди омўзиш қарор гирифта, нисбат ба сохторҳо ва нафароне, ки вазифаҳои худро иҷро накардаанд, хулосаҳои зарурӣ бароварда шаванд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520