Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи бинои нави мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат

10.08.2011 11:00, ноҳияи Кӯшониён

Омўзгорон ва хонандагони азиз!
Ҳозирини арҷманд!

Ин лаҳзаҳо мову шумо шоҳиди боз як рўйдоди фараҳбахш, яъне мавриди истифода қарор гирифтани мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Бохтар ҷамъ гардидем. Ба ин муносибат ва инчунин ба ифтихори ҷашни фархундаи миллиамон – бистумин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз, ки чанде баъд фаро мерасад, ҳамаи шумо – ҳозирини гиромӣ ва тамоми мардуми заҳматкашу сарбаланди ноҳияи Бохтар ва вилояти Хатлонро самимона табрик мегўям.

Бояд гуфт, ки халқи тоҷик баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ бо талошу ҷонбозиҳо тавонист суботу оромии ҷомеа ва устувору пойдории давлати худро таъмин созад. Дар ин давра бо шарофати таҳаммулгароиву хиради азалӣ ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ, инчунин заҳмати созандаи мардуми кишвар мо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба дастовардҳои бузург ноил шудем.

Солҳои аввали истиқлолият, баъди он, ки оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хомўш карда шуд, ҳукумати мамлакат дар баробари андешидани чораҳои аввалин доир ба барқарорсозии соҳаҳои фалаҷшудаи иқтисодиву иҷтимоии кишвар масъалаи ба Ватан баргардонидани муҳоҷирони иҷбориро ҳамчун масъалаи аввалиндараҷаи фаъолияти худ қарор дода буд.

Зеро вилояти Хатлон, пеш аз ҳама, шаҳру ноҳияҳои водии Вахш аз мухолифати мусаллаҳонаи ибтидои солҳои навадуми асри гузашта зарари ниҳоят калон дида буданд ва ҳатто дар баъзе деҳаҳо касе намонда буд, ки ҷойи муқимии зисти худро тарк накарда бошад.

Ҳамин тавр, аз соли 1993 то ибтидои соли 2000-ум қариб як миллион шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла сокинони водии Вахш ва умуман вилояти Хатлон ба ҷойи зисти доимиашон баргардонида шуданд.

Зиндагӣ дар вилояти Хатлон ва махсусан водии Вахш тадриҷан ба маҷрои мўътадил оварда шуд ва мардуми заҳматкаши он ба кори созанда оғоз карданд.

Имрўз дилпурона гуфта метавонем, ки бо вуҷуди азобу маҳрумиятҳои солҳои аввал дар зарфи бист соли истиқлолият дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон низ ба дастоварду муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд.

Аз соли 1995 то инҷониб барои рушду тараққиёти вилоят аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ қариб 7 миллиарду 400 миллион ҷудо гардидааст, ки ин маблағҳо барои таъмини рушди соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сохтмони иншооту роҳҳо ва умуман барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони вилоят равона карда шудааст. Аз ҷумла, аз ҳисоби фонди Президент ва Ҳукумати Тоҷикистон 102 миллион сомонӣ, кўмак барои пўшонидани хароҷоти буҷети маҳаллӣ 690 миллион сомонӣ, ҷубронпулӣ ба оилаҳои камбизоат 50 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби маблағҳои марказонидашудаи вазорату идораҳо барои сохтмони иншооти гуногун 480 миллион сомонӣ пардохта шудааст.

Агар соли 2005 маблағгузории буҷети давлатӣ дар вилоят 194 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас ин рақам дар соли 2010 зиёда аз 656 миллион сомониро ташкил дода, афзоиши он қариб 3,4 баробар шудааст.

Дар давраи истиқлолият дар вилоят аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ беш аз 2,5 миллион метрии мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Ҳоло дар ҳудуди вилоят 47 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 4 миллиарду 300 миллион сомонӣ дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ, кишоварзиву энергетика ва инчунин сохтмони нақбу роҳҳои мошингард мавриди татбиқ қарор доранд.

Илова бар ин, дар мўҳлатҳои наздик дар ҳудуди вилоят тибқи созишномаҳои нави сармоягузории давлатӣ татбиқи боз 3 лоиҳаи нав ба маблағи беш аз 146 миллион сомонӣ, аз ҷумла дар ноҳияи Бохтар лоиҳаи нав оид ба дастгирии соҳаи кишоварзӣ бо маблағи 15 миллион сомонӣ оғоз мегардад.

Дар баробари ин, дар замони истиқлолият дар натиҷаи амалишавии барномаҳои давлатии рушди иқтисоди миллӣ соҳаҳои иқтисодии вилоят, аз ҷумла соҳаи саноат сол ба сол бемайлон тараққӣ ёфта истодааст.

Агар дар соли 1991 дар вилояти Хатлон ҳамагӣ 75 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта бошад, пас ин шумора дар соли 2010 ба 259 адад расидааст. Яъне миқдори корхонаҳои саноатии вилоят дар замони истиқлолият қариб 3,5 баробар зиёд шудааст.

Дар натиҷа, дар даҳ соли охир истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Хатлон 2,2 баробар зиёд гардида, танҳо дар соли 2010 ҳаҷми истеҳсоли молҳои саноатӣ ба 2 миллиарду 450 миллион сомонӣ баробар гардидааст, ки ин нишондиҳанда зиёда аз 31 фоизи ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии кишварро ташкил медиҳад.

Бо дарназардошти таъмини пурраи эҳтиёҷоти аҳолӣ ва ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат бо нерўи барқ масъалаи ҳарчи зудтар таъмин намудани истиқлолияти энергетикии кишвар яке аз ҳадафи асосии давлат ва ҳукумат муқаррар карда шудааст. Дар ин ҷода, дар баробари сохтмони иншооти бузурги энергетикӣ бунёди силсилаи нерўгоҳҳои хурду миёна дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла вилояти Хатлон босуръат идома дорад.

Дар ин давра дар ҳудуди вилоят бо сармоягузориҳои давлативу муштарак нерўгоҳи барқи обии «Сангтўда - 1» бо иқтидори 670 мегаватт сохта, мавриди истифода қарор дода шуд ва сохтмони нерўгоҳи барқи обии «Сангтўда - 2» бо иқтидори 220 мегаватт дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, навбати аввали он рўзҳои наздик ба истифода супорида мешавад.

Сохтмонҳои хурду бузурги энергетикӣ ҳоло ба майдони кору зафар барои ҳазорҳо мутахассисону коргарони маҳаллӣ табдил ёфтаанд ва мо итминон дорем, ки бо амалишави лоиҳаҳои оғозгардида солҳои наздиктарин истиқлолияти энергетикии кишвар пурра таъмин карда мешавад.

Ҳамзамон бо ин, дар давраи истиқлолият дар вилоят қариб 400 километр роҳҳои мошингард, беш аз 6600 метри тўлонӣ нақбҳои мошингузар, инчунин пули калони байналмилалӣ дар болои дарёи “Панҷ” сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд.

Дар натиҷа мо имконият пайдо кардем, ки дар баробари роҳҳои мавҷуда тавассути давлатҳои Афғонистону Чин ба кишварҳои дигар ва роҳҳои арзони баҳрӣ баромада, интиқоли молу борҳоро бо бисёр кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мустақиман ба роҳ монем.

Ҳамватанони азиз!

Дар замони истиқлолият соҳаи кишоварзии вилоят низ ба пешрафтҳои зиёд муваффақ гардидааст. Бо татбиқи барномаҳои ислоҳоти сохтори кишоварзӣ ва таҷдиди собиқ хоҷагиҳои кишоварзӣ дар вилоят қариб 31 ҳазор хоҷагиҳои деҳконии инфиродиву оилавӣ ва ҷамоавӣ ташкил карда шудааст, ки ин боиси ҳавасмандии деҳқон ба замин, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот гардида истодааст.

Дар давоми даҳ соли охир ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии вилоят 5,5 баробар зиёд гардида, аз 778 миллион сомонӣ то ба 4 миллиарду 300 миллион сомонӣ расидааст. Аз ҷумла, истеҳсоли ғалладона беш аз 3,1 баробар, картошка 4,2, сабзавот 4,4, меваҷот 2,2 ва полезиҳо 5 баробар афзоиш ёфтааст. Дар натиҷа, соли 2010 маҷмўи маҳсулоти минтақавии вилоят қариб 6 миллиарду 500 миллион сомониро ташкил додаст, ки ин беш аз 26 фоизи маҷмўи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медиҳад.

Дар баробари ин, бинобар имкониятҳои васеи соҳаи кишоварзии вилоят ва бо дарназардошти вазъи болоравии нархҳои сўзишвориву молҳои озуқаворӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ бори дигар таъкид менамоям, ки истифодаи оқилонаву самараноки замин бояд доимо дар мадди назар дошта шавад, зеро мо танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем амнияти озуқавории кишварро таъмин намоем.

Вилояти Хатлон яке аз вилоятҳои калонтарини мамлакат буда, захираҳои бузурги обу замин, боду ҳавои мусоид ва аз ҳама муҳимаш, мардуми заҳматкаш ва кишоварзони асилу соҳибтаҷриба дорад.

Худи шумо хуб медонед, ки хусусан аз заминҳои водии Вахш дар чор фасли сол ҳосил гирифтан мумкин аст ва ин сарзаминро беҳуда водии зархез нагуфтаанд.

ҳукумати мамлакат дар баробари тараққӣ додани соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба беҳтар кардани шароити манзилии шаҳрвандон таваҷҷўҳи доимӣ дошта, дар давоми солҳои 2009 - 2011 беш аз 7860 гектар заминро барои 69 ҳазор оилаҳои ҷавон ва дигар эҳтиёҷмандони вилоят ҷиҳати сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ҷудо намудааст, ки ҳоло тақсимоти он идома дорад.

Илова бар ин, дар даҳ соли охир ба иқтисодиёти вилоят аз ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ беш аз 7,3 миллиард сомонӣ сармоягузории асосӣ амалӣ карда шудааст. Умуман, дар вилоят дар даврони истиқлолият дар баробари сохтмони роҳҳои байналмилаливу нақбҳо ва иншооти хурду бузурги энергетикӣ, садҳо биноҳои маъмуриву соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бунёд карда шудаанд.

Аз ҷумла, 16 беморхонаву 257 бунгоҳи тиббӣ, 289 мактаби нав бо таҷҳизоти ҳозиразамон, 995 синфхонаҳои иловагӣ ва беш аз 1200 хонаҳои истиқоматӣ бо тамоми таҷҳизоти рўзғор ба аҳолии аз ҳодисаҳои табиӣ зарардидаи шаҳру ноҳияҳои Кўлоб, Шўрообод, Ховалинг, Мўъминобод ва Хуросон сохта, ба истифода дода шудаанд. Дар баробари ин, аз 49 мактабҳои дар вагонҳо фаъолиятдоштаи ҳудуди вилоят то ба ҳол 47 адади онҳо ба мактабҳои нав бароварда шудаанд.

ҳамзамон бо ин, дар даврони истиқлолият дар вилоят Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар шаҳри қўрғонтеппа ва филиалҳои Донишгоҳи технологӣ дар шаҳри Кўлоб ва Донишгоҳи аграрӣ дар ноҳияи Данғара таъсис дода шудаанд.

Дўстони азиз!

Ба истиқболи ҷашни 20-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави мамлакат, аз ҷумла вилояти Хатлон ба охир расонидани сохтмонҳои оғозшуда ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани силсилаи иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангиву иҷтимоӣ, варзишгоҳу толорҳои варзишӣ, боғҳои замонавӣ, корхонаҳои нави истеҳсолӣ, меҳмонхонаву марказҳои тиҷоратӣ ва монанди инҳо идома дорад.
Вобаста ба ин, мехоҳам махсус зикр намоям, ки соҳаи маориф нисбат ба дигар бахшҳои иҷтимоӣ барои ба вуҷуд овардани ҷомеаи пешрафта ва соҳибмаърифат нақши ҳалкунанда дорад ва ҳеҷ як давлат ва ҷомеа наметавонад бе рушди соҳаи маориф ба пешрафту тараққиёти соҳаҳои дигари иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гардад.

Аз ин хотир, давлат ва ҳукумати мамлакат дар давоми солҳои истиқлолият сохтмони мактабҳо ва бинои синфхонаҳои иловагиро дар назди мактабҳои мавҷуда торафт вусъат бахшида, то имрўз барои даҳҳо ҳазор фарзандони мардум садҳо муассисаҳои нави таълимиро бо тамоми шароити зарурии таълим ба истифода супоридааст.

Мавриди истифода қарор додани мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Бохтар далели равшани ин раванди созанда мебошад.

Сохтмони бинои мазкур соли 2007 оғоз гардида, бо сарфи маблағи беш аз 27 миллион сомонӣ аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон бунёд карда шуд. Он аз як бинои таълимии сеошёна, синфхонаву озмоишгоҳҳои фаннӣ, утоқҳои омўзиши забони хориҷӣ ва технологияи компютерӣ, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ, китобхона барои 660 ҷойи нишаст ва ду хобгоҳ барои истироҳату фароғати устодону шогирдон иборат мебошад.

Яъне дар ин боргоҳи маърифат тамоми шароити таҳсилу фароғат фароҳам оварда шудааст ва мо бо муҳайё кардани ҳамаи шароити зарурӣ барои кўдакону наврасони Ватанамон умед дорем, ки онҳо бо баҳои хубу аъло ва ахлоқи намунавӣ таҳсил карда, соҳиби саводу дониш мешаванд, аз дастовардҳои илму техникаи муосир баҳравар гардида, дар оянда ҳамчун фарзандони номбардори халқи бошарафу фарҳангсози тоҷик ба камол мерасанд ва дар пешрафти Ватани муқаддасамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Бо ҳамин мақсад ва дар доираи барномаҳои давлатии рушди соҳаи маориф дар давоми соли 2009 ва нимсолаи аввали соли 2010 дар ноҳияи Бохтар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 7 мактаби нав сохта, 3 мактаби дигар аз таъмири асосӣ бароварда шуд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар солҳои охир сатҳу сифати корҳои таълиму тарбия дар мактабҳои ноҳия тадриҷан беҳтар гардида, аз тарафи устодон ва масъулини соҳаи маориф ба масъалаи донишандўзии шогирдон таваҷҷўҳи ҷиддӣ зоҳир карда мешавад.

Натиҷаи ҳамин аст, ки иштироки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия дар озмунҳои гуногун фаъол гардида дастовардҳои онҳо бештар шуда истодаанд.

Шубҳае нест, ки сафи толибилмони донишманд ва соҳибмаърифати ноҳия ва кишварамон баъди ба фаъолият оғоз кардани мактаби Президентии имрўза боз ҳам зиёдтар мегардад. Зеро дар он кўдакони лаёқатманд аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат таҳсил хоҳанд кард.

Дар баробари ин, бо истифода аз ҳузури падару модарон ва кормандони маориф мехоҳам баъзе мушкилоту норасоиҳои вобаста ба муассисаҳои таълимиро низ хотирнишон намоям. Тибқи маълумоте, ки ман дар даст дорам, дар ноҳияи Бохтар танҳо дар соли таҳсили 2010-2011 116 нафар кўдакону наврасон, аз ҷумла 54 нафар духтарон аз таҳсил берун мондаанд. ҳол он, ки ман қариб дар тамоми вохўриҳову суханрониҳои худ масъалаи фарогирии пурраи кўдакон, пеш аз ҳама, духтаронро ба ҷараёни таҳсил таъкид месозам.

Таъминоти мактабҳо бо омўзгорони соҳибмаълумот масъалаи дигарест, ки ҳалли бетаъхирро тақозо менамояд, зеро мактабҳои ноҳия айни ҳол ба 165 нафар омўзгорони дорои маълумоти олӣ ниёз доранд. Чунин мушкилот, яъне норасоии кадрҳои омўзгорӣ дар дигар ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла Балҷувон (258 нафар), Ёвон (76), қубодиён (73), Восеъ (58), Вахш (56), Шаҳритус (53) ва ҷалолиддини Румӣ (51 нафар) низ вуҷуд дорад.

Ҳамчунин, иҷрои барномаи компютерикунонии мактабҳо дар ноҳияи Бохтар ҳамагӣ 44 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят хеле паст мебошад.

Аз ин лиҳоз, Вазорати маориф ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳия вазифадоранд, ки ҷиҳати ҳалли масъалаҳои зикршуда мунтазам чораҷўи намоянд. Аз ҷумла, зарур аст, ки барои рафъи мушкилоти аз таҳсил берун мондани кўдакон, хусусан духтарон корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни падару модарон ҷоннок карда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити зист ба кадрҳои ҷавони омўзгорӣ тадбирҳои дахлдор андешида шаванд.

Фаромўш набояд кард, ки дар ҳудуди вилоят ду донишгоҳи омўзгорӣ фаъолият дорад. Ба ҳалли масъалаи компютерикунонӣ, таъмиру таҷдиди мактабҳо ва бо асбобу лавозимоти хониш таъмин кардани онҳо имкониятҳои соҳибкорону тоҷирон ва шахсони баландҳиммату хайрхоҳро ҷалб кардан зарур аст. Чунки мактаб макони таълиму тарбияи фарзандони ҳамаи мардум ва боргоҳи ба камол расонидани кадрҳо барои ояндаи ҷомеа ва давлат мебошад.

Дўстони азиз!

Мардуми шарифи кишвар, аз ҷумла сокинони вилояти номдори Хатлон ва ноҳияи Бохтар имрўзҳо дар арафаи таҷлили ҷашни бузурги таърихиву тақдирсози Ватанамон – бистумин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо азму талоши созанда ва иқдомҳои бунёдкорона омодагӣ мебинанд. Дар робита ба ин, бояд гуфт, ки истиқболи ҳар як ҷашну маърака бояд барои боз ҳам ободу зебо шудани хонаву кошона, кўчаву маҳалли зист ва шаҳру ноҳияҳо мусоидат намояд.

Ҳамчунин, бо истифода аз фурсат бори дигар хотиррасон месозам, ки дар арафаи ҷашнҳо кўмак расонидан ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоату бепарасторон айни савоб аст. Мо бояд ба ҳамдигар кўмак расонем ва коре кунем, ки тамоми мардуми Тоҷикистон ҷашнро бо рўҳияи идона, дастурхони обод ва хотири осуда пешвоз гиранд.

Итминони комил дорам, ки сокинони заҳматқарину ҳимматбаланди вилояти Хатлон ва ноҳияи Бохтар аз ҳамин рўз сар карда, кўшишу ғайрати худро ба номи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон дучанд карда, ҷашни бузурги миллиро бо дастовезҳои арзанда истиқбол мегиранд.
Бо ҳамин ниятҳои нек ва бо умеди ободиву пешрафти ояндаи вилояти Хатлон бори дигар шумо – мардуми бошарафи ноҳияи Бохтар ва кулли сокинони сарбаланди вилояти Хатлонро бо ҷашни муборак ва муқаддаси Ватанамон – бистумин солгарди истиқлолияти давлатӣ ва ифтитоҳи ин боргоҳи навбунёди дониш табрик гуфта, бароятон тансиҳатӣ, рўзгори ободу осуда, иқболи баланд ва барои насли ҷавон фатҳи қуллаҳои нави донишро орзу менамоям.

Доимо хушбахту хушрўз ва сарбаланду комёб бошед, ҳамватанони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520