Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ ҳангоми ифтитоҳи пули мошингард миёни Тоҷикистон ва Афғонистон

15.08.2011 11:00, ноҳияи Ванҷ

Ҳамватанони азиз!
Меҳмонони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Бисёр хушҳолам, ки имрўз бори дигар бо шумо – мардуми меҳмоннавозу чеҳрагарм ва худогоҳу ватандўсти ноҳияи биҳиштосои Ванҷ мулоқот менамоям. Мехоҳам пеш аз ҳама изҳор намоям, ки ҳар вақте ба дидорбинии шумо меоям, вуҷудамро шодмонӣ ва қаноатмандӣ аз дастгирии самимонаатон нисбат ба сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати Тоҷикистон фаро мегирад.

Дар ҳамоиши имрўза ҳамчунин ҳайати кишвари ба мо дўсту бародари Афғонистон бо сарварии ҷаноби Асадулло Холид- Раиси сарҳадот ва қавоим ширкат доранд, ки онҳоро аз номи мардуми Тоҷикистон сидқан хайра мақдам мегўям.

Сафари навбатии мо ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, аз ҷумла ба ноҳияи Ванҷ ба айёме иттифоқ афтод, ки тамоми хурду бузурги мамлакат ба хотири истиқболи арзандаву сазовори ҷашни пуршукўҳу ҷалоли миллиамон – бистумин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз ба корҳои созандагиву ободонии Ватан камари ҳиммат бастаанд.

Аз ин лиҳоз, бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи шумо – ҳозирини гиромӣ ва меҳмонони арҷмандро аз ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба ифтихори ҷашни бистумин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва ба муносибати ифтитоҳи пули навбатии дўстиву ҳамкорӣ дар миёни кишварҳоямон самимона табрик гуфта, бароятон оромиву осудагии хонадон, файзу баракати зиндагӣ ва барору комёбӣ мехоҳам.

Бист сол қабл аз ин дар ҳаёти мардуми Тоҷикистон гардиши куллии таърихие ба вуҷуд омад, яъне рўзи 9-уми сентябри соли 1991 халқи тоҷик баъди ҳазор соли бедавлатӣ соҳиби давлати озоду соҳибихтиёр гардид ва тақдири минбаъдаи худро ба даст гирифта, ба хотири ободии Ватан, гузоштани нахустин хиштҳои бинои истиқлоли миллӣ ва ташкили аркони давлатдории мустақил ба заҳмати созанда оғоз кард.

Чунонки ҳамагон огоҳ ҳастед, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанўз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ, дар баробари андешидани чораҳои зарурӣ дар роҳи ҳалли масоили ҳаётан муҳим, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишварро яке аз ҳадафҳои муҳимтарин ва стратегии фаъолияти худ эълон намуд.

Зимни амалӣ гардонидани ин ҳадаф аз он айём то имрўз дар самти ба вуҷуд овардани инфраструктураи нақлиётӣ корҳои азим анҷом дода шуданд. Дар ин муддат роҳи мошингарди Кўлоб-Хоруғ-Кулма-қароқурум, панҷ пул дар сарҳади миёни Тоҷикистону Афғонистон ба истифода дода шуда, корҳои асосии сохтмонӣ дар нақбҳои Шаҳристону Чормағзак, таҷдиди шоҳроҳи Душанбе – Нуробод – ҷиргатол - Саритош ва азнавсозии шоҳроҳи Душанбе-Чанак дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.

Яъне бунёд ва таҷдиду таъмири роҳу пулҳое, ки дорои аҳамияти дохилӣ ва байналмилалӣ мебошанд, босуръат идома доранд ва мо барои аз чор тарафи мамлакат муҳайё кардани равобити озодонаи нақлиётӣ тамоми захираву имкониятҳои худро сафарбар кардаем. Чунки ин иқдомот дар шароити имрўзаи рушди робитаҳои иқтисодиву тиҷоратии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ нақши бузургу созанда дорад.

Гузашта аз ин, Тоҷикистон ҳамеша ба масъалаи густариши равобити неку созанда ва мутақобилан судманд бо ҳамаи ҳамсояҳои наздики худ, аз ҷумла бо кишвари ба мо дўсту бародар ва ҳамзабону ҳамфарҳанг - Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва инкишофи муносибатҳои ҳасана бо мардуми ин кишварҳо таваҷҷўҳи хоса дорад.

Мо ҳамеша ба таъриху фарҳанги деринаи аҷдодӣ, анъанаву суннатҳои воло ва дигар муштаракоти неке, ки бо мардуми Афғонистон дорем, арҷгузорӣ мекунем ва барои ҳифзу таҳкими равобити бародарона сайю талоши пайваста дорем.

Ба шарофати ободиҳои то ба ҳол суратгирифта, аз ҷумла тавассути роҳу пулҳои хурду бузурги то имрўз сохташуда, ҳоло мушкилоти рафтуомади мардум, тиҷорати дохиливу хориҷӣ, ҳамлу нақли молу мавод ва ҳаракати васоити нақлиёт бо кишварҳои ҳамсояамон, дар навбати аввал дар самти ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Чин аз миён бардошта шудааст.

Дар раванди татбиқи ин ҳадафи стратегии давлати Тоҷикистон имрўз боз як пули дўстӣ миёни ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба истифода супорида шуд. Пули мазкур дар асоси қарордоди сеҷонибаи миёни ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Фонди Оғохон ба маблағи қариб 12 миллион сомонӣ бунёд гардида, дарозии он 216 метр, бараш 5 метр ва қудрати вазнбардориаш 30 тонна мебошад.

ҳамчунин барои сохтмони инфраструктураи пули мазкур, аз ҷумла ҷиҳати ташкили бозорҳои наздисарҳадӣ аз ду тараф, бунёди биноҳои маъмурии сохторҳои марзбонӣ, гумрук ва нуқтаҳои санҷиши нақлиёт беш аз 2 миллион сомонӣ маблағи иловагӣ ба масраф расидааст.

қобили зикри хос аст, ки лоиҳакашӣ ва иҷрои ҳамаи корҳо аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои ватанӣ ба анҷом расонида шуда, дар ин кори хайр зиёда аз 450 нафар мутахассисону коргарони тоҷик заҳмат кашидаанд.

Бинобар ин, мехоҳам, ки ба ҳамаи онҳо барои ба анҷом расонидани ин кори хайру савоб ва саҳми башардўстонаашон ба хотири таҳкими равобити бародаронаи миёни халқҳои Тоҷикистону Афғонистон изҳори сипос намуда, дар фаъолияти минбаъдаашон дар роҳи ободии Ватани соҳибистиқлоламон барору комёбӣ орзу намоям.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар давоми даҳ соли охир тавассути татбиқи стратегияи санҷида ва бунёду ба истифода додани пулҳои байнидавлатӣ рушди аксар соҳаҳои ҳаётан муҳими минтақаҳои ҳаммарзи Афғонистон, аз қабили соҳаҳои маориф, сиҳати омма, таъмини аҳолии минтақа бо нерўи барқ, маводи ғизоӣ ва инкишофи тиҷорат ба мушоҳида мерасад.

Танҳо дар соли 2010 ҳаҷми тиҷорати байнисарҳадии Тоҷикистон ва Афғонистон ба воситаи пулҳои мавҷуда ба маротиб афзудааст. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки ба шарофати ин пулҳо риштаҳои дўстӣ ва русуми неки ҳамсоядорӣ боз ҳам устувор мегарданд.

Тибқи таҳлилҳои мо баъди ба кор оғоз намудани пули имрўза беш аз 70 ҳазор шаҳрвандони ҳарду ҷониб ба доираи фаъолияти тиҷоратӣ ва соҳибкорӣ ворид мегарданд.

Мо дар оянда ҳамчунин ният дорем, ки дар минтақаи марзии кишварҳоямон нерўгоҳҳои барқи обӣ бунёд созем. Ин иқдом имкон фароҳам хоҳад овард, ки тақрибан тамоми эҳтиёҷоти кишвари Афғонистон ва қабл аз ҳама вилоятҳои бо Тоҷикистон ҳаммарзи он бо нерўи барқи арзон ва аз лиҳози экологӣ бехатар таъмин гардад.

Дар сурати татбиқи ҳадафҳои зикршуда минтақаҳои наздимарзии ҳарду ҷониб ба маҳалҳои ободу зебо ва марказҳои муҳими тиҷоратӣ табдил меёбанд.

Бо бунёди иншооти мазкур ва таҷдиди роҳҳои шимолии Афғонистон кишвари мо тавассути роҳҳои кўтоҳтарин бо бандарҳои муҳими баҳрҳои гарм, бахусус халиҷи Форс ва Уқёнуси ҳинд, ҳамчунин ба минтақаҳои бузург ва рушдёбандаи ҷаҳон – Осиёи ғарбӣ, Осиёи ҷанубӣ ва Осиёи ҷанубу Шарқӣ робитаи нақлиётӣ пайдо хоҳад намуд, ки барои ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон на танҳо аҳамияти бузурги иқтисодӣ ва коммуникатсионӣ, балки сиёсиву геостратегӣ хоҳад дошт. ҳамзамон бо ин, тавассути ин роҳу пулҳо кишвари Афғонистон ба бозорҳои бузурги Осиёи Марказӣ, Россия ва Чин роҳи наздиктарин пайдо хоҳад кард.

Дўстони азиз!
Барои минбаъд низ густариш пайдо кардани раванди неки созандагӣ ва таҳкими равобити нақлиётиву тиҷоратӣ лозим аст, ки оромии авзои дохилии ҷумҳурии Исломии Афғонистон таъмин бошад.

Чунонки огоҳ ҳастед, Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдории худро дар бобати таъмини сулҳу суботи устувор дар Афғонистон аз минбарҳои баланд иброз доштааст ва имрўз бори дигар хотирнишон месозам, ки мо минбаъд низ ҷонибдори оромиву амният дар қаламрави кишвари ҳамсояи наздиктаринамон - Афғонистон мебошем.

Мо аз таҷрибаи талхи худ медонем, ки нооромӣ ва вазъи бўҳронии сиёсиву иҷтимоӣ дар роҳи пешрафти ҳар давлату миллат монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад. Аз ин лиҳоз, мо ба хотири суботи Афғонистони ҳамсоя ва рушди иқтисодии он аз ҳеҷ гуна кўмаку ҳамкорӣ ва мусоидати бародарона дареғ намеварзем, зеро истиқрори вазъ дар ин кишвари ҳамсоя ба манфиати миллии мо комилан созгор аст.

Мо мутмаинем, ки танҳо худи мардуми Афғонистон қодир аст бо истифода аз таҷрибаи таърихи чандинҳазорсолаи худ ва бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи миллату халқиятҳои маскун мушкилоти дохилии хешро муваффақона ҳаллу фасл хоҳад кард.

Рўзҳои наздик дар пойтахти кишвари мо – шаҳри Душанбе нишасти навбатии чоргонаи сарони кишварҳои Россия, Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон доир хоҳад гашт ва он низ иқдоме аз силсилаи иқдомоти мост, ки ҳадафаш мусоидату пуштибонӣ аз раванди сулҳи Афғонистон аст.

Бигзор ҳамсоягони мо ҳамеша аз неъмати оромиву осоиш бархурдор бошанд ва минбаъд хотири ҷамъу табъи болида насибашон гардад.

Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи шумо - меҳмонони олиқадр ва сокинони шарафманди ноҳияи Ванҷро ба ифтихори ҷашни фархундаи миллиамон - бистсолагии истиқлолияти давлатӣ ва ифтитоҳи боз як пули пайвандгару таҳкимбахши дўстии Тоҷикистону Афғонистон табрик гуфта, ба ҳар кадоматон тансиҳатӣ, осоиши рўзгор, иқболи баланд ва барори кор орзумандам.

Ҳамеша хушбахту хушрўз ва сарбаланду сарфароз бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520