Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон



ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР


аз 6 декабри cоли 2013 № 604
ш. Душанбе

Дар бораи ректори Донишкадаи
молия ва иқтисоди Тоҷикистон
таъин намудани Солиев А.А.


Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Солиев Ашурбой Абдувоҳидович ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

СОЛИЕВ АШУРБОЙ АБДУВОҲИДОВИЧ
Ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон


СОЛИЕВ Ашурбой Абдувоҳидович 12 феврали соли 1974 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1996 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ хатм кардааст. Номзади илмҳои иқтисодӣ.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1996 дар кафедраи муносибатҳои иқтисодии байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз намуда, то соли 2006 дар вазифаҳои ассистент, муовини декани факултет, дотсент кор кардааст.

Солҳои 2006-2010 ба ҳайси мудири кафедраи муносибатҳои иқтисодии байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.

Солҳои 2010-2013 дар мансаби декани факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз моҳи августи соли 2013 дар вазифаи муовини ректор оид ба илми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Бо ордени «Шараф дараҷаи II» сарфароз гардида, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Оиладор, соҳиби 2 фарзанд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 декабри соли 2013 Ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон таъин гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520