ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 6 декабри cоли 2013 № 613
ш. Душанбе
Дар бораи Директори иҷроияи
Муассисаи давлатии «Маркази идораи
лоиҳаҳои бахши электроэнергетика»
таъин намудани Назаров Н.Р.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Назаров Назар Раҷабович Директори иҷроияи Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» таъин карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
НАЗАРОВ НАЗАР РАҶАБОВИЧ
Директори иҷроияи Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика»
НАЗАРОВ Назар Раҷабович 23 ноябри соли 1963 дар ноҳияи Шурообод таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, соли 1985 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандиси барқ хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1985 ба ҳайси устои алоқаи Силсилаи нерӯгоҳҳои барқи обии Вахш оғоз намуда, баъдан дар мансабҳои муҳандис, муҳандиси калон, сардори Умури дифои релегӣ ва автоматикаи Шабакаҳои барқии Кӯлоб, сармуҳандиси Ширкати масъулияташ маҳдуди таъмирию сохтмонии «Барқ»-и шаҳри Кӯлоб, муҳандис, муҳандиси пешбар, муовини сардор, сардори Умури дифои релегӣ ва автоматикаи Шабакаҳои барқии Марказӣ ва Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» кор кардааст.
Солҳои 2008-2011 дар ташкилотҳои байналхалқӣ ҳамчун эксперти байналмиллалӣ ва мушовири калон дар рушди соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фаъолият намудааст.
Солҳои 2012-2013 аввал ба ҳайси мушовири Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти гидроэнергетикии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъдан муовини директори Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа кардааст.
Аз октябри соли 2013 то ба имрӯз дар мансаби Сардори Департаменти шабакаҳои интиқоли барқи Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» фаъолият дорад.
Бо забонҳои русӣ ва англисӣ ҳарф мезанад.
Оиладор, соҳиби 5 фарзанд мебошад.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06 декабри соли 2013 Директори иҷроияи Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» таъин гардид.