Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

13.12.2013 16:37, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии як қатор шаҳру ноҳияҳо, Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар мақомоту сохторҳо тағйироти кадрӣ амалӣ намуд. 
 
Раҳмоналӣ Амиров аз вазифаи Раиси шаҳри Исфара озод карда шуда, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Ваҳдат таъин гардид.
 
Ба вазифаи иҷрокунандаи Раиси шаҳри Исфара Даврон Зоҳидов таъин карда шуд.
 
Имом Мирзоев иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Файзобод ва Амирбек Маҳмадалиев иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Ёвон таъин карда шуд.
Саидбурҳон Абдураҳмонов иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Дарвоз таъин гардид.
 
Маҳмадсаид Пиров Муовини якуми вазири фарҳанг, Аъламхон Наимӣ Муовини вазири молия, Искандар Раҷабов Муовини Вазири корҳои дохилӣ ва Ҷӯрахон Зоиров Сардори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ таъин карда шуданд. 
 
Ҳамчунин сардорони як қатор раёсатҳои сохтории Вазорати корҳои дохилӣ ва шуъбаҳои зиёди он дар шаҳру ноҳияҳои кишвар иваз карда шуданд.
Чанд тағйироти кадрии дигар дар мақомоти амният ва назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва ҳам Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуд.
 
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат кадрҳои ба вазифаҳои нав таъиншударо ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан, давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва муомилаю муоширати сазовор бо мардуми ҷумҳурӣ ҳидоят намуд.
 
facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520