Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи
вазифаи раиси шаҳри Ваҳдат
таъин намудани Амиров Р.



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Амиров Раҳмоналӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ваҳдат таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
13 декабри соли 2013
№96

 

АМИРОВ РАҲМОНАЛӢ
иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ваҳдат


Амиров Раҳмоналӣ – 1 октябри соли 1954 дар ноҳияи Муъминобод таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, соли 1976 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1976 ба ҳайси иқтисодчии калони Идораи молҳои хӯроквории ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе оғоз намуда, минбаъд дар мансабҳои иқтисодчии калони Комбинати хизмати маишии ноҳияи Ленинград, инструктори шӯъбаи ташкилотҳои комсомолӣ, мудири шӯъбаи ҷавонони коргар ва деҳоти комитети комсомоли вилояти Кӯлоб, котиби якуми комитети комсомоли ноҳияи Ленинград, мудири шӯъбаи хоҷагии қишлоқ, котиби комитети ҳизбии коммунистии ноҳияи Ленинград, мудири шӯъбаи молиявию хоҷагии комитети ҳизбии коммунистии вилояти Кӯлоб, котиб, котиби якуми комитети ҳизбии коммунистӣ, раиси Шӯрои депутатҳои халқи ноҳияи Мӯъминобод, сардори шӯъбаи робитаҳои иқтисодии хориҷии Ассотсиатсияи «Тоҷикселхозхимия» ва сардори шӯъбаи гумруки Фурудгоҳи шаҳри Душанбе кор кардааст.

Солҳои 1997-2001 Раиси шаҳри Кулоб ва аз соли 2001 то соли 2006 ҳамчун Директори Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.

Солҳои 2006-2012 аввал дар мансаби муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сипас муовини аввали Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз январи соли 2012 то ба имрӯз Раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд фаъолият дорад.

Солҳои 1995-2000 Вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2000 то соли 2004 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Барои хизматҳои шоён бо ордени Шараф сарфароз гардидааст.

Оиладор, соҳиби 6 фарзанд мебошад.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2013 иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ваҳдат таъин гардид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520