ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи
раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд
таъин намудани Зоҳидов Д.А.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Зоҳидов Давронҷон Абдуқодирович иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
13 декабри соли 2013
№98
ЗОҲИДОВ ДАВРОН АБДУҚОДИРОВИЧ
иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара
Зоҳидов Даврон Абдуқодирович – 18 июни соли 1971 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, солҳои 1993 ва 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бо дипломҳои аъло бо ихтисоси иқтисодчӣ ва омӯзгори фанни информатика ва ҳисоббаррор хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1993 ба ҳайси омӯзгори кафедраи фанҳои умумитехникии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оғоз намуда, минбаъд дар мансабҳои раиси маркази ташаббуси ҷавонон «Иттифоқ»-и вилояти Суғд, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд, муовини аввали роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Суғд ва Роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Суғд кор кардааст.
Солҳои 2006-2011 ҳамчун Раиси ноҳияи Ашти вилояти Суғд адои вазифа кардааст.
Аз соли 2011 то ба имрӯз аввал дар мансаби мудири Маркази иттилоотию техникии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳоло бошад ҳамчун Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд фаъолият дорад.
Оиладор, соҳиби 2 фарзанд мебошад.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2013 иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара таъин гардид.