Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими ба истифода супоридани иншооти беморхонаву маркази саломатӣ

26.08.2011 15:00, ноҳияи Лахш

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Басо хушҳолам, ки дар остонаи истиқболи санаи бисёр азизу муқаддаси миллиамон - ҷашни бистсолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон боз ба дидори шумо - сокинони заҳматкаши ноҳияи баландкўҳи Ҷиргатол омада, шоҳиди кори созандаи шумо ба хотири пешрафту ободии Ватани маҳбубамон гардидам.

Бинобар ин, мехоҳам пеш аз ҳама фарорасии ин ҷашни муборак ва расми ифтитоҳи беморхонаву маркази саломатии навро барои шумо - сокинони заҳматпешаву ободкори ноҳия ва табибони мушфиқу ғамхор самимона табрик гўям.

Ба шарофати соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрии давлатамон мо имкон пайдо кардем, ки рушди босуботи ҳамаи бахшҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла соҳаи тандурустиро, ки кафили ҳифзи саломатии мардуми кишвар мебошад, инчунин тарбияи кадрҳои соҳибмаърифату баландихтисосро барои ин соҳаи ҳаётан муҳим самти муҳимтарини сиёсати давлат эълон карда, бо ин мақсад тамоми чораҳои заруриро амалӣ намоем.

Беҳуда нест, ки мо ҳанўз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ саломатии мардумро ҳамчун сарвати бебаҳои давлатӣ эътироф кардаем.

Бо мақсади таъмин намудани ҳифзи тандурустии аҳолӣ мо сохтмони беморхонаву дармонгоҳҳо, марказҳои нави саломатӣ ва таъмиру таҷдиди муассисаҳои тандурустии мавҷуда, инчунин бо кадрҳои соҳибтаҷриба ва дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин кардани онҳоро аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи худ медонем.

Бунёди иншооти имрўза ҳанўз бистушаш сол қабл, яъне соли 1985 оғоз гардида, бинобар ҳодисаҳои оғози солҳои навадум қатъ гардида буд. Бо супориши ҳукумати мамлакат соли 2009 корҳои сохтмон дар ин иншоот аз нав оғоз гардида, чунонки имрўз мебинед, бо тарҳи бисёр зебои меъморӣ ва муҷаҳҳаз бо ҳамаи таҷҳизоти замонавии тиббӣ мавриди истифодаи сокинони ноҳияи Ҷиргатол қарор дода шуд.

Ҷиҳати ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ ва харидориву насби таҷҳизоту лавозимоти зарурии тиббӣ барои навбати аввали беморхонаи марказии ноҳияи Ҷиргатол, ки дорои 100 кат ва маркази саломатӣ бо имконияти қабули 150 нафар бемор мебошад, аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлат беш аз 5 миллион сомонӣ сарф шудааст. Дар оянда ҳамчунин сохтмони дигар бахшҳои маркази саломативу иншооти ёрирасони беморхона ба нақша гирифта шудааст, ки онҳо низ дар мўҳлатҳои наздик аз ҳисоби буҷети давлатӣ анҷом дода хоҳанд шуд.

Дар доираи тадбирҳои беҳтар гардонидани вазъи соҳаи тандурустии ноҳияи Ҷиргатол соли 2011 қариб 3 миллион сомони маблағ ҷудо карда шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2010 33 фоиз зиёд мебошад.

Дар баробари ин, бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон дар ин давра муассисаҳои тиббии ноҳияи Ҷиргатол бо нақлиёти санитарӣ, таҷҳизоти рентгениву ташхиси тиббӣ ва маводи доруворӣ ба маблағи зиёда аз ду миллион сомонӣ таъмин карда шудаанд.

Таҳлилҳо нишон меди?анд, ки тайи солҳои охир дар натиҷаи афзудани маблағгузории соҳаи тандурустӣ, торафт таҳким ёфтани заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои тиббӣ ва беҳтар гардидани таъминоти онҳо бо кадрҳои баландихтисос дастрасии аҳолии ноҳия ба хизматрасониҳои тиббӣ рў ба беҳбудӣ овардааст, ки ин падида ҳамчун тамоюли мусбати рушди соҳаи иҷтимоӣ арзёбӣ карда мешавад.

Шумораи мутахассисони соҳаи тандурустии ноҳия дар маҷмўъ 265 нафарро ташкил медиҳад, ки 88 нафари онҳо мутахассисони дорои маълумоти олӣ мебошанд. Бо дарназардошти вазъи таъминот бо кормандони миёнаи тиббӣ дар маҳалҳо бо қарори ҳукумати Тоҷикистон дар кишвар аз ҳисоби омўзишгоҳҳои тиббӣ гурўҳҳои мақсаднок ташкил карда шудаанд. Масалан, дар заминаи беморхонаи марказии ноҳияи Ҷиргатол аз ҳисоби толибилмони омўзишгоҳи тиббии ноҳияи Рашт чор гурўҳи мақсаднок иборат аз 60 нафар донишҷўён фаъолият дорад ва соли ҷорӣ иловатан 60 нафар донишҷуён барои таҳсил дар гурўҳҳои мақсаднок қабул карда шудаанд.

ҳамзамон бо ин, аз ноҳияи Ҷиргатол дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон 22 нафар донишҷўён таҳсил менамоянд, ки 18 нафари онҳо тибқи квотаи Президентӣ қабул шудаанд.

Дўстони азиз!

Дар давоми солҳои истиқлолият аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои тараққиёти ноҳияи Ҷиргатол 270 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки ин маблағҳо барои беҳтар намудани вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ, сохтмону таъмири иншоот, роҳҳо ва дастгирии буҷети ноҳия равона карда шудаанд.

Илова бар ин, дар ин муддат барои пўшонидани қисми хароҷоти буҷет, пардохти нафақа ва ёрдампулиҳо ба аҳолии ноҳия аз ҳисоби буҷети мамлакат ба маблағи 123 миллион сомонӣ кўмаки молиявӣ ҷудо гардидааст.

Маълумоти оморӣ нишон медиҳад, ки соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Ҷиргатол дар даврони истиқлолият ба таври назаррас рушд ёфтаанд. Дар ин давра қариб 400 иншооти гуногун сохта ва таъмиру барқарор шудааст, ки ҳамаи онҳо имрўз мавриди истифода қарор доранд.
Бунёди варзишгоҳи марказӣ, 15 майдони варзишӣ, меҳмонхона, 6 бунгоҳи тиббӣ, ду маркази саломатӣ, маркази ҷавонон, хобгоҳи омўзишгоҳи омўзгорӣ, ду пул ва ду нерўгоҳи барқи обии хурд аз ҷумлаи иншооте мебошанд, ки танҳо дар давоми солҳои охир сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.

ҳоло дар ҳудуди ноҳияи Ҷиргатол 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии қариб 150 миллион сомонӣ, аз ҷумла барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таҳкими гумрук ва рушди инфраструктура, таҷдиди роҳи байналмилалии мошингарди Душанбе - сарҳади қирғизистон, инкишофи истеҳсолоти кишоварзии маҳаллӣ, идоракунии ҳавзаҳои об ва сохтмони нерўгоҳи барқи обии хурд амалӣ шуда истодааст.

Тамоми сокинони кишвар хуб медонанд, ки мардуми заҳматписанди ноҳияи Ҷиргатол бо маҳорату таҷрибаи бойи худ дар соҳаи картошкапарварӣ шўҳратаманд гардидаанд. Соли ҷорӣ дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтӣ ва ба инобат гирифтани болоравии нархҳои маводи озуқаворӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ кишоварзони ноҳия майдони кишти картошкаро зиёд намуда, дар зиёда аз 3300 гектар замин навъҳои гуногуну серҳосили ин намуди зироатро кишт кардаанд.

Яъне тибқи маълумоти оморӣ агар соли 1992 дар ноҳия ҳамагӣ 19 ҳазор тонна картошка истеҳсол шуда бошад, пас дар соли 2010 бинобар баланд бардоштани ҳосилнокиву васеъ кардани майдони кишт истеҳсоли он ба зиёда аз 60 ҳазор тонна расонида шудааст.

Дар давоми солҳои 2010 – 2011 майдони умумии кишти картошка дар ноҳияи Ҷиргатол нисбат ба солҳои 2008 - 2009 1000 гектар зиёд карда шудааст.
Бо вуҷуди ин, бояд зикр кард, ки дар ноҳия ҷиҳати афзоиш додани майдони кишти картошка ва баланд бардоштани ҳосилнокии он ҳанўз ҳам имкониятҳои зиёд мавҷуданд. Масалан дар сурати ба истифода додани канали Мук дар мавзеи “қум”-и минтақаи Лахш имконияти обёрӣ кардани зиёда аз якунин ҳазор гектар замин мавҷуд мебошад, ки аз ин ҳисоб истеҳсоли солонаи картошкаро ба зиёда аз 100 ҳазор тонна расонидан мумкин аст.
Солҳои пеш дар ноҳияи Ҷиргатол то 800 тонна картошкаи баландсифати тухмӣ истеҳсол карда мешуд ва дар панҷсолаи охир миқдори он то якуним ҳазор тонна расонида шудааст, ки ин миқдор ҳоло ҳам нокифоя мебошад.

Аз ин рў, вазоратҳои кишоварзӣ, мелиоратсия ва захираҳои об, Академияи илмҳои кишоварзӣ, инчунин Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадоранд, ки доир ба азхудкунӣ ва обёрии заминҳои нав ва бо ҳамин роҳ боз ҳам тараққӣ додани картошкапарварӣ, ҳамчунин парваришу захира кардан ва ба дигар минтақаҳои кишвар интиқол додани тухмии он ва барои таъминоти эҳтиёҷоти аҳолии мамлакат дар фасли зимистон захира намудани картошкаи ноҳия мунтазам чораҷўӣ намоянд.

Дар но?ияи Ҷиргатол қутоспарварӣ низ аз ҷумлаи соҳаҳои сердаромад ва ояндадор буда, рушди он метавонад ба таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мусоидат намояд.

Дар асоси Барномаи рушди ?утоспарварӣ дар ҷум?урии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015 дар ноҳияи Ҷиргатол бо дастгирии ҳукумати мамлакат Муассисаи давлатии зотпарварӣ – қутоспарварӣ ташкил карда шудааст. Дар нигоҳубини муассисаи мазкур айни ҳол 164 сар қутос мавҷуд мебошад.
Имрўзҳо дар ноҳия саршумори умумии қутос ба 528 сар расонида шудааст ва зарур аст, ки бо мақсади рушди минбаъдаи соҳа ҳамаи чораҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд. Зеро бо зиёд кардани саршумори ин чорвои нодир имконият ба вуҷуд меояд, ки ҳам истеҳсоли гўшти парҳезӣ афзоиш ёбад ва ҳам ҷойҳои нави корӣ муҳайё гардад.

ҳозирини гиромӣ!

ҳукумати мамлакат бо мақсади мунтазам беҳтар намудани таълиму тарбияи наврасону ҷавонон барои рушди соҳаи маориф пайваста кўшиш менамояд.
Дар доираи татбиқи ин ҳадаф дар ноҳияи Ҷиргатол дар давоми солҳои истиқлолият аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 21 мактаби нави замонавӣ бунёд ёфта, 76 бинои мактаб аз таъмири асосӣ бароварда шудааст, инчунин 40 синфхонаи иловагӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Соли 2005 дар назди мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 мактаб – интернат таъсис дода шуд, ки дар он ҳар сол зиёда аз 60 нафар хонандагон аз оилаҳои камбизоату бепарастор ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

ҳоло аз ноҳияи Ҷиргатол тибқи квотаи Президентӣ зиёда аз 288 нафар донишҷўён дар мактабҳои олии кишвар таҳсил мекунанд. Инчунин тибқи созишномаҳои дуҷонибаи ҳукумати мамлакат бо ҷумҳурии қирғизистон 137 нафар фарзандони мардуми ноҳия дар муассисаҳои таҳсилоти олии қирғизистон аз рўи ихтисосҳои гуногун таҳсил карда истодаанд.

Имрўз дар 55 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 980 нафар омўзгорон бо таълиму тарбияи қариб 15 ҳазор нафар хонандагон машғул буда, мактабҳои ноҳия бо 360 адад техникаи компютерӣ таъмин карда шудаанд, ки ин 94 фоизи нишондоди барномаи давлатии компютерикунонии мактабҳоро ташкил медиҳад.

ҳукумати Тоҷикистон минбаъд низ доир ба ҳалли масъалаву мушкилоти соҳаи маорифи ноҳия чораҷўӣ хоҳад кард, зеро мо мехоҳем, ки фарзандонамон ҳарчи бештар саводу дониш омўзанд, соҳиби илму маърифат ва касбу ҳунар шаванд, дар оянда мақоми худро дар ҷомеа пайдо кунанд ва ба халқу Ватани худ хизмат намоянд.

Имрўзҳо тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ба ҷашни бузургу муқаддаси миллиамон - бистумин солгарди истиқлолияти давлатӣ ҳамаҷониба омодагӣ мебинанд. Итминони комил дорам, ки ин ҷашни муборакро сокинони меҳмоннавозу заҳматписанди ноҳияи Ҷиргатол низ ба шукронаи озодиву соҳибистиқлолӣ ва соҳибватаниву сулҳу суботи сарзамини аҷдодиамон бо дастовардҳои арзанда ва дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ истиқбол мегиранд ва минбаъд низ барои ободиву пешрафти Ватани азизамон саҳми сазовори худро мегузоранд.

Дар ин рўзҳои идона ҳар кадоми мову шумо бояд шукронаи истиқлолияти давлатӣ ва соҳибватаниву соҳибихтиёриро ба ҷо биёрем ва ҳамеша дар фикри ободии Ватан, осудагии мардум, таҳкими иқтидори иқтисодии давлати соҳибистиқлоламон, инчунин боз ҳам мустаҳкам намудани дўстиву бародарии миёни халқу миллатҳои маскуни кишварамон бошем.

Бо ҳамин ниятҳои нек, бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати ҷашни бузурги миллиамон – бистсолагии истиқлолияти давлатӣ табрик гуфта, бароятон умри пурбаракат, тандурустӣ ва барори кор орзу менамоям.

Доимо саломату сарбаланд бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520