Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон



ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР


аз 13 декабри соли 2013 №620
ш. Душанбе

Дар бораи муовини Вазири молияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани
Наими Аламхони Қодириён



Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Наими Аламхони Қодириён муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.


Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

 

НАИМИ АЛАМХОНИ ҚОДИРИЁН
муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

НАИМИ Аламхони Қодириён 10 ноябри соли 1967 дар ноҳияи Шӯрообод таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1994 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1985 ба сифати коргари хоҷагии «Фрунзе»-и ноҳияи Мӯъминобод оғоз намуда, то соли 1987 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ хизмат кардааст.

Солҳои 1988-1996 дар вазифаҳои фурӯшанда – муҳосиб, бригадири калон дар корхонаҳои истеҳсолӣ ва савдои шаҳри Душанбе кор кардааст.

Аз соли 1996 то ҳол дар вазифаҳои гуногуни масъул дар дастгоҳи марказии Вазорати молия фаъолият мебарад, аз ҷумла дар солҳои 2004-2006 ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи муовини сардор, муовини сардори Департаменти буҷети давлатии Вазорати молияи ҷумҳурӣ кор кардааст.

Солҳои 2006-2007 ба ҳайси муовини сардори Департамент - Сардори раёсати сиёсати инвеститсияҳои давлатии Департаменти буҷети давлатии Вазорати молия адои вазифа намудааст.

Аз соли 2007 дар мансаби муовини сардори Сарраёсат - сардори раёсати сиёсати инвеститсияҳои давлатии Сарраёсати буҷети давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2013 муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520