Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табрикоти телевизионӣ ба муносибати фарорасии Соли нави 2007

01.01.2007 00:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Дар ин лаҳзаҳои бисёр фараҳбахш, ки Соли нави мелодии 2007-ум бо яке аз идҳои суннатии мусулмонони олам - Иди қурбон баробар омадааст, ҳамаи шуморо аз самими дил муборакбод мегӯям.

Ба якдигар баробар омадани ин ду ид фоли неку пешомади хайр аст ва аз расидани хушбахтиву саодати дучанд барои мардуми хайрхоҳ, сулҳдӯст ва фарҳангпарвари мо башорат медиҳад.

Воқеан соле, ки пас аз чанд лаҳза ба поён мерасад, бо рӯйдодҳои бузургаш дар таърихи миллати тамаддунофари мо ҳамчун соли хотирмону фаромӯшнашаванда абадан сабт хоҳад шуд.

Мову шумо дар ин сол ҷашнҳои бошукӯҳи 15-солагии Истиқлолияти давлатӣ, Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 2700-солагии шаҳри бостонии Кӯлобро таҷлил карда, дар пойтахти давлати соҳибистиқлоламон - шаҳри Душанбе Анҷумани навбатии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳонро доир намудем ва Президенти нави мамлакатамонро интихоб кардем.

Ин санаҳои муҳими сиёсиву фарҳангии дорои аҳамияти умумидавлативу умумимиллӣ дар таҳкими пояҳои давлатдории навини миллатамон, тақвияти худшиносиву худогоҳӣ, пойдории ваҳдат ва болоравии ифтихори миллии мардуми шарифи Тоҷикистон нақши арзишманд гузоштанд.

Дарки амиқи моҳияти давлатдорӣ, огоҳӣ аз асл ва решаҳои таърихии худ дар шароити соҳибистиқлолии давлатамон ва соҳибдавлатии миллатамон ба мо имкон медиҳад, ки ваҳдати миллиро ҳарчи бештар таҳким бахшида, ҳамеша дар пайи ободӣ, пешрафту тараққиёт ва шукуфоии Ватани азизамон бошем.

Мехоҳам хотирнишон намоям, ки ҳанӯз соли 2005-ум дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ дар панҷ соли оянда таъмин намудани истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва таъмини амнияти озуқавориро ҳамчун вазифаҳои стратегӣ ва дорои аҳамияти ҳаётӣ таъкид карда будам.

Имрӯз бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки мо дар иҷрои ин вазифаҳои бузургу таърихӣ дар соли 2006-ум ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардидем.

Дар баробари татбиқи тадбирҳои муассир вобаста ба рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, Ҳукумат ба хотири тадриҷан таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат ва ба як қаламрави воҳид табдил додани он як силсила чорабиниҳои созандаро вусъат бахшид.

Маҳз имсол дар сохтмони нақби "Истиқлол" корҳои асосӣ ба анҷом расонида шуданд ва дар таърихи Тоҷикистон ҳоло нахустин фасли зимистон аст, ки тавассути ин нақб рафтуои мошинҳо дар роҳи Душанбе-Хуҷанд идома дорад.

Ба истифода дода шудани пули сеюм дар болои дарёи Панҷ, ки марзҳои Тоҷикистону Афғонистонро ба ҳам мепайвандад, як қадами бузург ва устувор дар роҳи аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакатамон гардид.

Чанде пеш барои бунёди сарбанди нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-1" баста шудани маҷрои дарёи Вахш низ воқеаи фаромӯшнопазири сол гардид. Зеро бо вусъат ёфтани корҳои сохтмонӣ дар ин нерӯгоҳ баъди як сол агрегати аввалини он ба кор оғоз карда, моро ба истиқлолияти энергетикӣ хеле наздик месозад.

Дар баробари ин, маҳз дар давоми соли 2006-ум мо ба сохтмони як қатор иншоотҳои бузург, аз ҷумла ба бунёди нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-2", хатти интиқоли барқи Ҷануб-Шимол, марҳилаи дуюми таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Саритош, азнавсозии шоҳроҳи Душанбе-Чанок ва сохтмони нақбҳои Шаҳристону Шаршар оғоз бахшидем.

Эътимоди шумо - ҳамватанони азиз, комил бошад, ки мо ҳамаи ин ва дигар иншоотҳои дорои аҳамияти стратегии мамлакатамонро дар мӯҳлатҳои муқарраргардида сохта, дар ояндаи наздик на танҳо эҳтиёҷоти худро ба қувваи барқ таъмин мекунем, балки Тоҷикистони азизи худро ба яке аз кишварҳои асосии истеҳсолкунандаи қувваи барқ дар минтақа ва қаламрави муҳими транзитӣ табдил хоҳем дод.

Дастовардҳои имсолаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ низ назаррас мебошанд. Дар натиҷаи татбиқи пайгиронаи сиёсати хориҷӣ ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон бо дигар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, инчунин дар сатҳи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ густариши васеъ ёфтанд.

Баланд гардидани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон боиси ифтихори ҳар фарди тоҷик аст, зеро ҳадафи асосии мо дар муносибатҳои байналмилалӣ пеш аз ҳама ҳифз ва таъмини манфиатҳои олии миллат ва давлатамон мебошад.

Дӯстони азиз!

Мушкилоту проблемаҳое, ки мардуми кишварамон дар зиндагии ҳаррӯзаи худ эҳсос мекунанд, мушкилоти даргузар ва муваққатӣ мебошанд.

Барои суръати тоза ва такони ҷиддӣ бахшидан ба рушди сифатан нави иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мо чорабиниҳои навбатии муассирро дар амал татбиқ карда истодаем.

Ин корро мо аллакай аз ислоҳоти сохтории Ҳукумати Тоҷикистон, таъиноти ҳайати нави он ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин гузоштани вазифаҳои мушаххас дар назди онҳо оғоз намудем.

Дар марҳилаи кунунӣ ин вазифаҳо пеш аз ҳама дар доираи татбиқи ҳуҷҷатҳое, ки бо Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ҳамоҳанг мебошанд, бо нерӯи тозаи роҳбарӣ ва қувваҳои нави пешбаранда амалӣ карда хоҳанд шуд. Дар ин замина мо пайваста кӯшиш менамоем, ки барои зиндагии шоистаи мардум ва инкишофи озодонаи ҳар фарди ҷомеа тамоми шароити заруриро фароҳам оварем.

Тавре ки ҳамаи ҳамватанони азиз дар хотир доранд, ман ҳамчун Президенти навинтихобшуда дар баробари савганди расмӣ бо дарки амиқи масъулият дар назди давлату миллати худ ба номи муқаддасоти азизи инсонӣ савганди басо гарон ёд кардам.

Ва ин лаҳзаҳо мехоҳам таъкид намоям, ки садоқати худро ба савганди ёдкардаам бо муҳайё сохтани шароити арзандаи зиндагӣ ба халқи Тоҷикистон, таъмини ободии Ватани аҷдодӣ ва дар арсаи байналмилалӣ соҳибнуфузу баландовоза шудани Тоҷикистони соҳибистиқлол собит хоҳам кард.

Фикр мекунам, ки савганди ёдкардаи Президенти мамлакат савганди садоқати ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар ва бонангу номуси миллати сарбаланди тоҷик аст. Зеро татбиқи он нақшаҳои созандагие, ки мо барои ояндаи ободи Ватанамон дар назди худ гузоштаем, фақат бо меҳнати содиқонаву софдилона ва масъулияти ҳар шахс барои фардои неку осудаи сарзамини куҳанбунёдамон ҷомаи амал пӯшида метавонад.

Ман ҳамчун Роҳбари давлат барои расидан ба ин ҳадафҳои стратегӣ ҳамеша ба азму иродаи неки шумо - мардуми шарифи Тоҷикистон такя мекунам. Зеро ҳар иқдом ва ҳар амале, ки ба хотири таъмини манфиатҳои олии миллату давлатамон сурат мегирад, танҳо бо дастгирӣ ва иштироку саҳмгузории бевоситаи шумо анҷом дода мешавад.

Ҳамзамон бо ин, ҳамаи мо бояд дар хотир дошта бошем, ки пешрафти минбаъдаи Тоҷикистон аз сулҳу ваҳдати поянда, оромиву суботи устувори ҷомеа, сатҳи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии ҳар шахси бонангу номуси Ватан вобаста аст.

Итминони комил дорам, ки мову шумо якҷоя тамоми мушкилоти мавҷудаи Тоҷикистонро дар солҳои наздик бартараф карда, на танҳо барои имрӯз, инчунин барои даҳсолаҳои минбаъда ва наслҳои ояндаи Ватани азизамон шароити зиндагии шоистаро фароҳам хоҳем овард.

Бо ҳамин орзую ниятҳои нек ба ҳамаи шумо дар Соли нав тандурустӣ, барори кор, рӯзгори осуда ва иқболи нек орзумандам.

Бигузор соли ҳафтуми мелодии асри XXI бо инояти Худои офарандаву меҳрубон барои ҳар фарди бонангу номуси миллат ва мардуми ватандӯсту ватанпарвари Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо соли неку бобарор, пур аз файзу баракат ва фатҳу кушоишҳои бузург гардад.

Соли нав муборак, ҳамватанони азиз!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520